Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, ваксинаи "Спутник V" гирифтааст


Владимир Путин, президенти Русия.
Владимир Путин, президенти Русия.

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ваксинаи истеҳсоли русии зидди коронавирус "Спутник V" гирифтааст. Ба гуфтаи вай, баъди ваксинзанӣ ҳарорати баданаш боло рафта, аммо баъди чанде ба эътидол расидааст. Дар ин бора Путин дар "Гуфтугӯи мустақим" хабар дод.

Президенти Русия афзуд, ба хотири он "Спутник V"-ро интихоб кардааст, ки таъсири он бештар аст ва неруҳои мусаллаҳи Русия ҳам онро гирифтаанд. Аз он ҷо ки Путин сарфармондеҳи неруҳо аст, ба ин далел воксини "Спутник V"-ро интихоб кардааст.

Расонаҳои Русия 23 марти соли ҷорӣ хабар доданд, ки Путин ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст.

Дар Русия ваксинаҳои истеҳсоли Русия "Спутник V", "ЭпиВакКорона" ва "КовиВак" барои истифода сабт шудааст. Маҷаллаҳои илмӣ хабар медиҳанд, ки танҳо таъсири ваксинаи "Спутник V" собит шудааст.

XS
SM
MD
LG