Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони қазоқ дар остонаи тазоҳуроти эҳтимолӣ


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолии 6 июл дасти кам панҷ фаъоли маданиро то 20 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ карданд.

Додгоҳи пойтахти Қазоқистон 29 июн фаъолон Нурлан Олтинбоев ва Айдар Сиздиковро бо гумони нақзи ташкил ва баргузор кардани ҷамъомадҳои осоишта ҳабс кардааст.

Олтинбоев барои эътироз дар назди сафорати ИМА дар шаҳри Нурсултон ва Сиздиков барои бознашри "даъват ба иштирок дар эътирозҳои Алмато, Чимкент ва Нурсултон дар рӯзҳои 12 ва 13 июн" ҳабс шудаанд. Худи Сиздиков худро бегуноҳ дониста, гуфт, дербоз аз саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" истифода намебарад.

Додгоҳи Қазоқистон 28 июн низ фаъолони маданӣ Кайиргелдӣ Нургалиев ва Марат Мусабаевро мутаносибан 15 ва 20 рӯз ҳабс карда буд. Айжан Абенов ҳам 29 июн 15 шабонарӯз ҳабс гашт. Ҳамаи онҳо ба иштирок "дар чорабинии оммавие, ки бар хилофи қоидаҳои ташкили ҷамъомади осоишта баргузор шудааст" айбдор шуданд.

Пулиси Қазоқистон ҷонибдорони гуруҳҳои мухолифро дар арафаи Рӯзи пойтахти он кишвар - 6 июл боздошт мекунад. Мухолифи қазоқ ва раҳбари ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" Мухтор Аблязов сокинони кишварашро дар ин рӯз, ки зодрӯзи президенти пешин Нурсултон Назарбоев ҳам ҳаст, ба эътироз даваът кардааст.

XS
SM
MD
LG