Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони қирғиз, ки дар низои марзӣ зиён диданд, аз ҳукумат шикоят доранд. ВИДЕО


Пас аз низоъ дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳҳо иншоот зиён дидааст.
Пас аз низоъ дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳҳо иншоот зиён дидааст.

Аз замони сар задани муноқиша дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон наздики ду моҳ сипарӣ шуд.

Ҳукумати Қирғизистон ваъда дода буд, ки ба соҳибкорони зиёндида барои барқарор намудани иншооташон ёрӣ медиҳад, аммо ҳанӯз ба онҳо касе кӯмак накардааст. Ҳукумат хонаҳои истиқоматиро ҳам барқарор накардааст, аммо як ширкати бинокорӣ ва ширкате аз ҷониби Туркия ин корро бар дӯш гирифтаанд.

Одилбек Абдуллоев, тоҷири қирғиз аз деҳаи Аркаи вилояти Бодканд, ки соҳиби дукони фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт аст, яке аз зиёндидагон аст. Ӯ гуфт, ҳоло худашон ба барқарор кардани вайронаҳо машғуланд ва ҳукумат ҳеҷ кӯмаке ба онҳо накардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Кӣ ба тоҷирони бодкандӣ дар эҳёи корхонаҳояшон ёрӣ мерасонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Дар назди дукони Одилбек нуқтаи ивази равғани мошин низ амал мекард. Баъд аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз аз ин нуқтаи пурдаромад чизе боқӣ намонд. Бори тоҷирон бо арзиши 35 ҳазор доллар ба коми оташ рафт.

Одилбек Абдуллоев гуфт: “Ба мо гуфтанд, ки худамон атрофро тоза карда ба корҳои барқарорсозӣ пардозем. Мо пурсидем, ки аз кадом ҳисоб? Хуб, мо инро барқарор мекунем, аммо барои харидории бор пул надорем. Ҳоло дар фикр афтодем, ки чӣ гуна корро боз аз нав оғоз кунем. Ман барои фурӯш бо арзиши 2 миллион сом бор доштам. Бо қарзҳои пешинаам 2,5 миллион сом мешавад. Қарздиҳандагон пулро талаб доранд, бояд баргардонам”.

Бинои дуошёнае, ки дар он фурӯшгоҳ ва дорухона ҷойгир буд, низ зиён дидааст. Он ба соҳибкор, Турдалӣ Гапаров тааллуқ дорад. Барои васеъ кардани кори тиҷорат соҳибкор 15 ҳазор доллар қарз гирифта буд. Пас аз ин ҳодиса бонк розӣ шуд, муҳлати бозгардонии қарзро боздорад ва ба ӯ имтиёз дод. “Мехостем инҷоро шӯем, аммо барқ нест. Чӣ кор кунем? Ҳоло каме тоза мекунем. Зоҳиран ҳукумат ба мо ёрӣ расониданӣ нест. Дар ҷамоат гуфтанд, кумаке дар назар нест.”,—гуфт ӯ.

Бинобар омори расмӣ дар деҳаи Аркаи вилояти Бодканд 28 иншооти соҳибкорон сӯхтааст. Соҳибкорон беш аз як моҳ мунтазири кӯмак аз ҳукумат буданд, аммо эътироф мекунанд, ки аз интизорӣ хаста шуданд. Дар ин ҷо ҳоло соҳибкорон танҳо дар иншооте, ки зарар надидаанд, кор мекунанд.

Бурулай Артикова, корманди иҷтимоии ҷамоати Жани-Жери вилояти Бодканд мегӯяд, дар навбати аввал сохтмони хонаҳои вайроншуда дар назар аст. “Муҳлати дақиқи барқарорсозӣ маълум нест. Дар ҳукумат ваъда доданд, ки давоми ду моҳ хонаҳоро сохта ба истифода медиҳанд. Баъд аз анҷоми сохтмони хонаҳо барои бино кардани иншооти соҳибкорон ёрӣ расонида мешавад.”,--гуфт ӯ.

Сохтмони 8 иншооти иҷтимоӣ, роҳе ки ба деҳаҳои вайроншуда мебарад, бар дӯши ҳукумат аст. Аммо хонаҳои вароншударо тавре мақомот мегӯянд, ҳукумат барқарор намекунад. Сохтмони 36 хонаро ширкатҳои сохтмонӣ бар ӯҳда гирифтааст, 136 хонаи дигарро як ширкати туркӣ, ки аз он ном бурда намешавад, хоҳад сохт. Давлат корҳои нақшакашиву харитасозиро ба анҷом расонидааст.

Азиза Масимова, сухангӯи идораи сохтмони шаҳри Бишкек гуфт: “Зербинои 36 хона аллакай омода аст, хиштчинии деворҳои 32 хона идома дорад. Сохтмони боми 12 хона ва андоваю рангмолӣ дар 2 хона идома дорад. Насби қубури обу ташноб дар 20 хона ҷарён дорад.”

Дар Тоҷикистон барқарорсозии хонаҳои аз ҷанг осебдида дар остонаи анҷомёбист. Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ба маконҳои осебдида рафт ва гуфт, ки танҳо корҳои ороиш ва рангу бори дохили хонаҳо боқӣ мондааст. Дар ҷараёни муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 55 хона вайрон шуд.

XS
SM
MD
LG