Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурии Чех аз Русия барои таркиш 25 млн евро ҷуброн талаб кард


Сафорати Русия дар Прага.
Сафорати Русия дар Прага.

Ҳукумати ҷумҳурии Чех аз Русия барои зарари расонида дар натиҷаи таркиши анборҳои аслиҳа дар соли 2014 ҷуброн талаб кард. Он замон ду шаҳрванди Чех кушта, ба деҳаи Врбетитса зарари моддӣ расонида шуда буд.

Ҷумҳурии Чех ҳамакнун аз Русия 25 миллион евро ҷуброни зарар талаб кардааст. Мартин Смолек, муовини вазири корҳои хориҷии Чех рӯзи душанбе ба сафири Русия дар он кишвар Александр Змеевский дар бораи талаби ҷуброн нота супорид.

Дар бораи даст доштани мақомоти махсуси Русия дар таркиши соли 2014 ҳукумати Чех рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ хабар дод. Ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Баширов дар пайгард эълом шуданд. Пештар аз ин онҳо аз сӯи мақомоти Бритониё дар пайгард эълом гардида буданд.

Моҳи марти соли 2018 Петров ва Баширов ба корманди пешини Сарраёсати иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтара Юля дар шаҳри Солсберии Бритониё сӯиқасд анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG