Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд як корманди пулис худкушӣ кардааст


Пулис дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Корманди Раёсати умури дохилии шаҳри Ангрени вилояти Тошканд худкушӣ кардааст. Ӯ худро аз ноҳияи сар парондааст.

Тавре хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ҳодиса рӯзи 27 июн, наздикиҳои соати 13:00 дар ошёнаи чоруми раёсат рух додааст. Корманди пулис бо туфанги навъи "Макаров" худро паронда, дар натиҷа дар маҳалли ҳодиса ҳалок шудааст.

Ба иттилои вазорат, сабабҳои худкушии корманди 34-соларо гуруҳи махсуси муташаккил аз ҳисоби кормандони умури дохилӣ ва додситонӣ таҳқиқ мекунад. Вазири умури дохилии Узбекистон Пулод Бобоҷонов парвандаи мазкурро зери назорати худ қарор додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба бародари маъмури ҳалокшуда хабар додаанд, ки гӯё корманди пулис дар пайи фишорҳои шахсе бо номи Акмал худкушӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG