Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустии Бритониё барои бӯсидани ҳамкораш истеъфо дод


Мэт Хэнок, вазири тандурустии Бритониё
Мэт Хэнок, вазири тандурустии Бритониё

Вазири тандурустии Бритониё гуфт, ки барои "риоя накардани фосилаи ҷисмонӣ" аз вазифааш истеъфо дод.

Субҳи 27-уми июн Мэт Хэнок, вазири тандурустии Бритониё пас аз як ҷанҷол аз мақомаш канор рафт.

Рӯзи 24-уми июн нашрияи "The Sun” навореро нашр кард, ки вазири оиладор Ҷин Коландҷело, ҳамкори худ дар ин вазоратро мебӯсад.

Сабаби истеъфои вазирро на зиндагии шахсӣ, балки “риоя накардани фосилаи ҷисмонӣ” унвон карданд.

Зоҳиран акси бусобӯсии вазир бо кормандаш замоне бардошта шудааст, ки дар Бритониё маҳдудияти шадид барои ҷилавгирӣ аз коронавирус ҷорӣ буд. Бар асоси ин муқаррарот, афроде, ки зери як бом зиндагӣ намекунанд, ҳақ надоштанд, ки бидуни ниқоби тиббӣ вохӯранд.

Хэнок ҳангоми истеъфо иқрор шудааст, ки қонунро нақз кардааст ва истеъфо медиҳад.

Дар Бритониё теъдоди сироятёбӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст.

Дар як рӯзи ахир 20 ҳазор нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд, ки дар чанд моҳи ахир чунин ҳолат сабт нашуда буд.

XS
SM
MD
LG