Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши лафзии Чин ва Канада дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ


Канада ва 40 кишвари дигар рӯзи сешанбеи 22-юми июн дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Пекин хостанд ба нозирони мустақили байналмилалӣ иҷоза диҳад, ки дар чӣ зудтар ва "бе ҳеҷ маҳдудияте" аз минтақаи Шинҷон дидан кунанд. Дар муқобил намояндаи Чин аз Канада хост ба "нақзи ҳуқуқи башар дар кишвари худ" поён диҳад.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ҷидоли лафзии рӯзи сешанбеи Канада ва Чин идомаи кашмакашҳои Ғарб бо Чин дар заминаи ҳуқуқи башар аст. Кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус Амрико дар солҳои ахир аз амалкардҳои Чин дар Ҳонконг ва рафтор бо мусалмонон дар минтақаи Шинҷон интиқод кардаанд. Чин ҳам дар баробари ин интиқодҳо вокунишҳои тунд нишон додааст.

Намояндаи Чин бо ишора ба кашфи боқимондаи ҷасадҳои беш аз 200 кӯдак дар як мактаби шабонарӯзии вобаста ба калисои католикӣ дар Канада дар охирҳои асри 19, ки ахиран хабарсоз шуд, Канадаро ба бадрафторӣ ба сокинони бумии он кишвар муттаҳам кард. Ӯ хостори анҷоми "таҳқиқоти комил ва бетарафона" дар бораи рафтор бо сокинони аслӣ, нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ дар Канада шуд.

Ӯ афзуд, "мо аз Канада мехоҳем, ки ба нақзи ҳуқуқи башар бидуни таъхир поён диҳад. Ниҳодҳои масъул дар СММ бояд вазъияти ҳуқуқи башар дар Канадаро баррасӣ кунанд. Илова бар ин, Канада ҳамеша масъалаи ҳуқуқи башарро ҳамчун абзор барои пеш бурдани ҳадафҳои сиёсии худ истифода кардааст".

Аз сӯи дигар, Канада баёнияеро, ки мавриди ҳимояти 41 кишвари асосан ғарбӣ аст, ироа кард, ки дар он нигарониҳое дар робита ба нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла таъсиси боздоштгоҳҳо ва урдугоҳҳои кори маҷбурӣ барои мусалмонони Шинҷон инъикос ёфтааст.

Намояндаи Канада дар бахше аз суханонаш дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, "мо аз Чин мехоҳем, ки ба нозирони мустақили байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ-ро иҷоза диҳад, ки дар чӣ зудтар ва бидуни ҳеҷ маҳдудияте аз минтақаи Шинҷон дидан кунанд". Коммисари олии ҳуқуқи башари СММ аз замони таъйини худ ба ин мақом дар соли 2018, талош кардааст ба Чин сафар кунад, аммо бенатиҷа будааст.

Намояндаи Канада дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, ки гузоришҳои боэътимод нишон медиҳанд, ки беш аз як миллион нафар ба таври ғайриқонунӣ дар Шинҷони Чин боздошт шуда, бисёре аз онҳо дар урдугоҳҳо ва боздоштгоҳҳо мавриди озор, шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегиранд.

Ӯ афзуд, ки мусалмонони ӯйғур ва дигар ақалиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ ба иловаи назорати сахт аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ, бо маҳдудиятҳои фарҳангии густурда рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳукумати Чин ҳамеша таъкид кардааст, ки ин марказҳо барои касбомузӣ ҳастанд ва ҳадаф аз фиристодани мусалмонон ба ин марказҳо, муқобила бо густариши терроризм аст.

Баёнияи пешниҳодии Чин дар мавриди "нақзи ҳуқуқи башар дар Канада" аз сӯи чандин кишвари дигар, аз ҷумла, Русия, Белорус, Сурия, Эрон ва Кореяи шимолӣ мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Намояндаи Канада дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд, "мо баён медорем, ки ҳукумати Канада дар гузашта ҳуқуқи мардумони бумиро нақз кардааст. Медонем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори пойбандии комили Канада ба арзишҳои ҳуқуқи башар аст ва таваққуи худи мо низ камтар аз ин нест".

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG