Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи порлумонии Арманистон ҳизби Пашинян пирӯз шуд


Никол Пашинян.
Никол Пашинян.

Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазирии Арманистон дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 20 июн дар он кишвар бо касби 53,92 дарсади раъйи мурдум пирӯз шуд.

Эътилофи "Арманистон"-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян 21 дарсади раъй ба даст овард. Ин эътилоф гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад.

Дар мақоми севум эътилофи "Шараф дорам"-и президенти пешини Арманистон Серж Саргисян қарор дорад. Ба ин тартиб, ин се ҳизб вориди порлумон хоҳанд шуд.

Ҳузури мардум дар интихоботи порлумонии он кишвар 50 дарсади аҳолии қобили раъйро ташкил дод.

Нозирони ҳизбҳои сиёсӣ аз қонуншиканӣ дар рафти интихобот хабар доданд.

Никол Пашинян дар пайи эътирозҳои мардумӣ дар соли 2018 сари қудрат омад ва дар интихоботи порлумонии он сол ба сарвазирӣ расид. Кочарян - ки бо муносибатҳои дӯстонааш бо президенти Русия Владимир Путин машҳур аст - рақиби асосии Пашиян дониста мешавад.

Рақибони Пашинян ӯро дар шикасти Арманистон дар баробари Озарбойҷон дар ҷанги соли гузаштаи Қарабоғи Куҳӣ айбор мекунанд. Баъди имзои созиши сулҳ миёни Арманистону Озарбойҷон дар моҳи ноябри соли 2020, дар Арманистон эътирозҳои мардумӣ зидди сарвазир ташкил шуданд. Ҷонибдорони Пашинян мегӯянд, дар шикасти Арманистон роҳбарони пешини ин кишвар, аз ҷумла Кочарян ва Саргисян низ айбдор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG