Нафаре, ки исмаш феълан махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ба хотирии харидории чиптаи киштии кайҳонии “Blue Origin” барои саёҳат ба кайҳон бо миллиардер Ҷефф Безос 28 миллион доллар пардохт кардааст. Парвоз рӯзи 20-уми июл таъйин шудааст.
Cайёҳе, ки бо ширкати миллиардер Ҷефф Безос ва бародари ӯ Марк ба кайҳон парвоз хоҳад кард, ба тозагӣ аниқ шуд. Номи ӯ то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад, аммо маълум шудааст, ки маблағи чипта - 28 миллион доллар будааст. Музоядаи бози телефонӣ дар Бостон сурат гирифта, ҳамагӣ ҳафт дақиқа давом кард.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ариан Корнелл, раҳбари фурушҳои кайҳонии “Blue Origin”, шароити парвозро нақл кард. Ӯ гуфт, мушаки интиқолдиҳанда капсулаи идорашавандаро ба баландии 75 километр ба осмон равон карда, баъдан аз капсула ҷудо мешавад. Капсула аз хати Карман, сарҳади атмосфера ва фазои Замин боло хоҳад рафт. Ин тақрибан 150 километр мешавад. Дар тӯли се дақиқа кайҳоннавардон метавонанд, вазъи бевазниро аз сар гузаронанд ва манзараҳои афсонавиро тамошо кунанд. Баъдан пеш аз бозгашт ва фуруд омадан дар биёбони Чиуа, дар ғарби Техас аз ҳама хоҳиш карда мешавад, камарбанди худро маҳкам кунанд.
Парвоз ба кайҳон орзуи кӯдакии Ҷефф Безос, асосгузор ва роҳбари “Amazon” ва “Blue Origin” аст.
Ӯ ба парвоз дар киштии “New Shepard” омодагӣ мегирад, ки 20-уми июл дар назар аст. Дар парвоз ба кайҳон Безосро метавонад Ричард Брансон пешдастӣ кунад. Брансон нақша дорад, рӯзи 4-уми июл бо киштии кайҳонии “Unity”, ки онро ширкаташ “Virgin Galactic” таҳия кардааст, парвоз намояд. Ширкатдори дигари пойгоҳи кайҳонӣ бо мақсади сайёҳӣ Илон Маск, соҳиби “SpaceX” мебошад.
Ҳар сеи онҳо имкони интиқоли мусофирон ба шаҳрҳои дурро тариқи киштиҳои кайҳонӣ бо суръати тез матраҳ доранд.