Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои эм аз КОВИД-19 дар Маскав мошин, дар Индонезия мурғ медиҳанд. ВИДЕО


Дар маскав мошин, дар Индонезия мурғ. Сокинонро чӣ тавр барои эм аз КОВИД-19 ҷалб мекунанд

Дар Маскав ва вилоятҳои он, мақомот ба хотири ташвиқи сокинон ба гирифтани воксинаи алайҳи КОВИД-19 лоторея ё худ қуръакашӣ эълон карда, мошинҳо ва хонаҳоро дар бозӣ гузоштаанд.

Дар Амрико барои нафароне, ки вокисна мегиранд, нӯшокӣ ва шарбати бепул ҳадя карда, барои дарёфти ҷойизаҳои бузурги пулӣ номнавис мешаванд. Ҳамин гуна дар ҷанубу шарқи Осиё шеваи ҳавасмандкунии мардумро ба воксингирӣ пайдо намудаанд.

Мақомот дар саросари ҷаҳон аз заиф будани хоҳишмандии сокинон ба воксингирӣ дар ташвишанд ва бинор ин шеваҳои гуногуни ташвиқро ба кор мебаранд. Масалан, дар ду шаҳри ҷанубу - шарқи Осиё барои ҳавасмандсозӣ гову мурғҳоро пешниҳод мекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Барои эм аз КОВИД-19 дар Маскав мошин, дар Индонезия мурғ медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Дар Тайланд гову гусола дар қуръакашӣ гузошта мешавад, то мардумро барои гирифтани воксина ҳавасманд кунанд. Сокини 65- солаи тайлан бар ивази гусола остинашро барои ваксанзанӣ бар задааст. Инкхам Тонгхам, ки соҳиби як гусола шудааст, мегӯяд, “ин беҳтарин тӯҳфаест, ки аз ҳукумат гирифтааст.”

Зоҳиран ин шеваи тарғиботи мақомот натиҷа медиҳад. Як ҳафта баъд аз шуруи қуръакашӣ, моякубии сокинон дар ин минатқа 50 фойиз баланд рафтааст. Ҳар як гов тақрибан 300 доллар нарх дорад. Пешниҳоди чунин тӯҳфа сокинонро ҷалб мекунад.

Дар Индонезия бошад, барои онҳое, ки ба гирифтани воксина розӣ мешаванд, мурғ тақдим мекунанд.

Кишоварзи 67-сола, Осиф Сайфуддин мегӯяд, то охир ба бехтар будани воксина боварӣ надошт. Бар илова, дар деҳа дар бораи ҳалол набудани он, овозаҳо паҳн шуда буд. Аммо ба хотири мурғ розӣ шуда, ки эм бигирад. “Ман метарсидам, ки баъди гирифтани воксина дарҳол мемирам. Бо ҳамин сабаб ман аз гирифтани воксина худдорӣ мекардам. Боз шунидам, ки воксина равғани хук дорад.”,--гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти охирин, танҳо панҷ фоизи сокинони Индонезия бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. Мақомот умедворанд, ки мурғу ҷуҷаҳо дар ислоҳи ин вазъ кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG