Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Муҳриддин ва Боррел: аз ҳуқуқи башар то мубориза бо терроризму Афғонистон


Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррелл дар мулоқоти 17 июн дар Анталия. Акс аз mfa.tj
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррелл дар мулоқоти 17 июн дар Анталия. Акс аз mfa.tj

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷараёни иҷрои стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Вебсайти ВКХ Тоҷикистон менависад, рӯзи 17 июн дар ҳошияи Форуми дипломатӣ дар шаҳри Анталияи Туркия вазири корҳои хориҷии Тоҷистон Сироҷидин Муҳриддин ва масъули сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррел ҷараёни ҳамкориҳои дуҷониба, стратегияи нави ИА барои ОМ ва ҳам тарҳҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Дар хабар омадааст, ки инчунин “гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ” ва дигар масъалаҳо сурат гирифт.

Ҷузъиёти бештари ин гуфтугӯҳо нашр намешавад.

Стратегияи нави ИА барои ОМ моҳи июни соли 2019 дар Люксембург қабул шуд. Бар асоси ин санад роҳандозии ҳамкориҳои наздики ИА бо кишварҳои минтақа дар масоили мисли ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқи башар, кӯмак дар рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо, мустақилияти додгоҳӣ ва тақвияти иқтисоди бозаргониро дар назар аст. Дар матни стратегияи ИА барои ОМ гуфта шудааст, ки мизони кӯмакҳои ИА ба Тоҷикистон солона аз 20 миллион еврои оғози солҳои 2000-ум то 33 миллион евро дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. ИА дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион евро кӯмак кардааст.

Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ИА дар Тоҷикистон риоя шудани ҳуқуқи башар мебошад. Дар хабари ВКХ Тоҷикистон ҳам мухтасар омадааст, ки дипломатҳои тоҷику аврупоӣ «тақвияти муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби …муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд».

Дар солҳои ахир дар ҳар як ҷаласаи машваратии дуҷониба мақомоти Брюссел талош мекунанд, аз ҷумла, шароити мусоиди кор барои матбуоти мустақил ва озод шудани зиндониҳои сиёсии мисли ҳуқуқшиносон Бузургмеҳр Ёровро матраҳ кунанд. Маъмулан ин баррасиҳо пушти дарҳои баста мегузарад. Мақомоти тоҷик пайваста иддао кардаанд, ки дар Тоҷикистон «маҳсубони сиёсӣ» нестанд ва ҳамаи онҳое, ки пушти панҷара рафтаанд, «барои нақзи Кодекси ҷиноӣ» маҳкум шудаанд. Вале кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон дар Ғарбу Аврупо ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ таъқиби дигарандешону мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро бахусус баъди дар соли 2015 манъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз намунаҳои барҷастаи саркӯби озодиҳо дар ин кишвар меноманд. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон баъди ин ҳодисаҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳанда шудаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар Анталияи Туркия ба сар мебарад, рӯзҳои 18 ва 19 июн Тоҷикистонро дар Форуми дпломатӣ намояндагӣ мекунад, ки аз ҷониби ВКХ Туркия ташкил шудааст. Ин нишаст, ба навиштаи оҷонсии русии ТАСС, ба баррасии нақши дипломатия дар давраи муосир бахшида шуда, дар кори он беш аз 40 раҳбари давлату намояндаҳои дипломатии кишварҳои мухталиф, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва муҳаққиқону матбуот иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG