Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик: "COVID-19 надорем"; манбаъҳо: "коронавирус баргаштааст"


Санҷиши таби намозгузорон пеш аз ворид шуданашон ба як масҷиди Душанбе
Санҷиши таби намозгузорон пеш аз ворид шуданашон ба як масҷиди Душанбе

Дар шароити хабарҳои афзоянда аз вуҷуди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ва ҳам натиҷаҳои мусбати тестҳои бархе озмоишгоҳҳои тиҷоратӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19 дар кишварро “беасос” хондааст. Сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон “ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола бо сабаби гарм шудани ҳаво “бемории илтиҳоби шуш авҷ мегирад. Рӯзҳои охир мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ овардаанд, ки ин боиси гирифтор шудани онҳо ба бемории илтиҳоби шуш шудааст на COVID-19”, афзудааст сухангӯи вазорати тандурустӣ. Дар бораи вуҷуди ҳодисаҳои олудагии сокинони Тоҷикистон ба коронавирус табибон, кормандони озмоишгоҳҳо ва наздикони беморон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе матбуот хабар дода ишора кардаанд, ки нашри хабари воқеӣ дар ин бора “манъ шудааст”.

XS
SM
MD
LG