Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон интихоботи раёсатҷумҳурӣ мегузарад


Теҳрон, дар назди як нуқтаи овоздиҳӣ
Теҳрон, дар назди як нуқтаи овоздиҳӣ

Субҳи 18-уми июн сокинони Эрон барои интихоби раиси ҷумҳурии нави ин кишвар поин сандуқҳои раъй рафтанд. Бисёриҳо бовар доранд, ки натиҷаи интихоботро аллакай аз роҳи ба шиддат маҳдуд кардани имкони ширкати васеи номзадон маълум кардаанд. Овоздиҳӣ дар ҳоле мегузарад, ки дар ҷомеаи Эрон як афсурдагии умумӣ аз боло будани мизони фақр ва вазъи бади иқтисод эҳсос мешавад, ки мавриди таҳримҳои ИМА ва ҳам таҳти таъсири пандемияи коронавирус қарор дорад.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ мардумро ташвиқ кард, ки ба интихобот рафта овоз диҳанд ва телевизиони давлатӣ навбатҳои тӯлонии овоздиҳандагонро дар назди нуқтаҳои раъйдиҳӣ ба намоиш гузошт.

Пешгӯӣ мешавад, ки Иброҳим Раисии 60-сола, сиёсатмадори муҳофизакор ва раиси додгоҳи олии Эрон барандаи интихобот шавад. Президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ баъди ду дафъа раёсатҷумҳурӣ дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надорад. Эҳтимолан раиси Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ рақиби аслии Раисӣ дар интихобот мешавад. Ҳимматии 64-сола бештар аз ислоҳталабон намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG