Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бо Путин мавзуи идомаи фаъолияти Радиои Озодиро дар Русия матраҳ кард


Путин ва Байден. Женева, 16 июн, 2021.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқоташ бо Владимир Путин мавзуи фишорҳо ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Русияро матраҳ кардааст. Мулоқоти Байден ва Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми июн дар Женева баргузор шуд.

Амрико Маскавро муттаҳам мекунад, ки бо ворид кардани номи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба феҳристи "агентҳои хориҷӣ", талош дорад ин бунгоҳи хабариро аз Русия берун кунад.

"Ман ҳамчунин тавоноии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои фаъолият дар Русия ва аҳамияти озодии расонаҳо ва озодии баёнро матраҳ кардам",-афзуд Ҷо Байден зимни нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо Путин.

Худи ҳамон рӯз, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар мувофиқат кард, ки шикояти Радиои Озодӣ дар мавриди барчасп задани "агенти хориҷӣ"-ро баррасӣ кунад.

Дар нишасти ҷудогонаи хабарӣ пас аз саммити Женева, Путин гуфт, ки Ҷо Байден масъалаи фаъолияти Радиои Озодиро дар Русия бо ӯ дар миён гузоштааст.

Путин такрор кард, ки часпонидани тамғаи "агенти хориҷӣ" ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Настояшее время, дар вокуниш ба амалкарди соли 2017-и Амрико рӯи даст гирифта шуд, ки шабакаи хабарии давлатии Русия бо номи RT ё Russia Today-ро, бар асоси Қонуни маъмурони хориҷӣ, ба ҳайси "агенти хориҷӣ", сабти ном кард. Ин қонун дар Амрико соли 1938 қабул шуда, ҳадафи он пешгирӣ аз тарғиботи фашизм аст.

"Бояд зикр кард, ки Russia Today ҳама талаботи қонунгузории Амрикоро иҷро мекунад, онҳо тибқи талабот сабти ном шуданд ва ғайра", афзуд Путин, "аммо мутаассифона расонаҳои амрикоӣ ба таври комил талаботи қонунҳои Русияро риоя намекунанд".

Амрико дар соли 2017 пас аз он тасмим гирифт хабаргузории RT ва Sputnik-и Русияро ба ҳайси "агенти хориҷӣ" сабти ном кунад, ки тибқи гузоришҳои истихборотӣ, ин расонаҳо дар мавриди демократияи Амрико маълумоти нодуруст паҳн намуда, барои таъсир расондан бар интихоботи соли 2016 ба нафъи номзади ҷумҳурихоҳон ва барандаи ниҳоӣ Доналд Трамп, амал карданд.

Маскав ҳамвора чунин талошҳоро рад кардааст.

Бо ин ҳол, Путин дар Женева "умедворӣ" кардааст, ки "мо муваффақ ба ҳалли ин масъала аз роҳи дипломатӣ хоҳем шуд".

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ пас аз саммити Женева, барчасп ё тамғаи "агенти хориҷӣ" ба расонаи зери раҳбарии худро рад кард.

"Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ "ҷосусони хориҷӣ нестанд",-гуфт Ҷейми Флай. "Онҳо русиягиҳои ватанпараст ҳастанд, ки талош доранд бо пешниҳоди ахбор ва маълумоти воқеӣ, ба мардумашон хизмат кунанд. Ҳамлаҳои пайвастаи Кремл алайҳи рӯзноманигорони мо ва дигар расонаҳои мустақил, танҳо боиси маҳрум сохтани мардуми Русия аз иттиллот мешавад".

Бо талаби "Роскомнадзор" -- ниҳоди назораткунанда бар фаъолияти расонаҳо дар Русия, тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд.

Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Моҳҳои январ то майи соли 2021 "Роскомнадзор" ба додгоҳ 520 протоколро дар бораи аз ҷониби тарҳҳои мухталифи РАО/РО нақз шудани қоидаҳо дар заминаи ба ҳайси "агенти хориҷӣ" сабт шудани маҳсулоти тавлидшудаи онҳоро ирсол кард.

РАО/РО, ки то ҳол ҳама талаботи қонунгузории Русияро иҷро кардааст, аз иҷрои ин талабот худдорӣ кард ва гуфт, ки ин кори мақомот талоши мудохила ба сиёсати таҳририя мебошад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG