Владимир Путин, президенти Русия дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар мулоқот бо Ҷо Байден, президенти ИМА масъалаи кори сафирони ду кишвар дар Вашингтон ва Маскав ҳал шудааст.
Дар шаҳри Женеваи Шветсария ду президент беш аз 90 дақиқа бо ҳам суҳбат карданд.
Ду кишвар бо ҳам танишҳои дипломатӣ доштанд ва сафирони худро бозпас хонда буданд. Путин гуфт, ин “масъала ҳал шуд.”
Пас аз ҳодисаи заҳролудсозии Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия ва ошкор шудани ҳолатҳои даст доштани Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия ИМА нисбат ба Русия таҳрим эълон кард. Дар навбати худ Русия Амрикоро ба рӯйхати кишварҳое ворид кард, ки “дӯсти ин кишвар нестанд”.
“Мо бо ӯ чашм ба чашм ду соат суҳбат кардем. На бо ҳама раҳбарон чунин мулоқот кардаем. Дар мулоқот фазои душманӣ набуд. Вохӯрӣ ба таври принсипӣ сурат гирифт, мавқеъҳои мо ба ҳам мувофиқат намекунад, аммо мулоқот хеле созанда буд,”-- гуфт Владимир Путин.
Путин тасдиқ кард, ки ду раҳбар масъалаи Украина, Навалний ва ҳуқуқи инсонро низ баҳс кардаанд.
Путин гуфт, ки президенти ИМА ӯро ба Қасри Сафед даъват накард ва ӯ низ аз Байден нахост, ки ба Русия сафар намояд.
Ӯ ҳамчунин Фонди мубориза бо фасоди Навалнийро “ташкилоти экстремистӣ” ном бурд.
"Ин созмон ошкоро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват кард, ба ин ноболиғонро ҷалб намуд, ки дар Русия манъ аст, тарзи таҳияи “Коктейл Молотова”-ро пешниҳод кард ва маълумоти шахсии кормандони пулисро паҳн кард.”,--гуфт Путин.
Пас аз ин Путин аз эътирозҳои оммавии рухдода дар ИМА, ки пас аз марги Ҷорҷ Флойид, як африқоитабори амрикоӣ, ки ҳангоми боздошти пулис фавтид, ёд кард. Ӯ гуфт: “Мо намехоҳем, ки дар кишвари мо чунин рух диҳад ва ҳама корро мекунем, то ба ин роҳ надиҳем”.
Дар ибтидо мулоқоти ҷонибҳо дар як доираи маҳдуд, бо иштироки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико баргузор шуд.
Суҳбатҳои ду президент дар Вилла де ла Гранжеи шаҳри Женеваи Шветсария рӯзи 16-уми июн баргузор шуд.