Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти рӯ ба рӯи Байдену Путин 90 дақиқа идома кард


Женева, Вилла де ла Гранже
Женева, Вилла де ла Гранже

Мулоқоти нахустини раиси ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити ин ду кишвар аз замони Ҷанги сард дар поинтарин сатҳ қарор дошта, моҳе пеш Байден дар як мусоҳибааш гуфт, бовар дорад, ки ҳамкори русаш як қотил аст.

Бахши аввали сӯҳбатҳои ду президент, ки дар Вилла де ла Гранжеи шаҳри Женева баргузор шуд, 90 дақиқа тӯл кашид. Дар ин нишаст инчунин котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба шумули тарҷумонҳо иштирок карданд. Байден гуфт, ба мулоқоте меравад, ки онро як сӯҳбати “ду қудрат” номид ва гуфт, ки “ҳамеша беҳтар аст, ки рӯ ба рӯ сӯҳбат кунем”. Путин дар навбати худ гуфт, умедвор аст, ки ин мулоқот “бомаҳсул” мешавад.

Баъди ин мулоқот қарор аст ду ҷаласаи дигаре барпо шавад, ки дар он инчунин дигар намояндагони ҳукуматҳо иштирок хоҳанд кард.

Аз ҷониби ИМА дар ҷаласати васеъ қарор аст Блинкен, инчунин мушовири амнияти миллӣ Ҷейк Салливан, муовини котиби давлатӣ дар умури сиёсӣ Виктория Нуланд, сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан ва ду мутахассиси Русия аз Шӯрои амнияти миллӣ – Эрик Грин ва Стергос Калоудис иштирок кунанд.

Аз ҷониби Русия дар ҷаласаи васеъ Лавров, мушовири умури сиёсии президент Юрий Ушаков, муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков, раиси ситоди кулли артиши Русия генерал Валерий Герасимов, сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов, фиристодаҳои Кремлин дар Украинаву Сурия ва сухангӯ Дмитрий Песков ҳузур хоҳанд дошт.

Ин мулоқот дар шароите барпо мешавад, ки Путин ҳамоно тамоми қудратро дар Русия дар дасти худ нигаҳ дошта, созмонҳои ҷамъиятиро буғӣ мекунаду мухолифони мисли Алексей Навалнийро ба зиндон андохтааст.

Як сухангӯи Байден гуфт, ки Кохи Сафед “на дар андешаи азсаргирии робитаҳо ва на дар фикри шиддат бахшидани онҳо мебошад”. Айни замон, Байден дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп аз мавзеъгирии шадидтар кор мегирад. Аз замони сари кор омаданаш то кунун Байден аллакай ба Русия ду дафъа таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ розӣ шуд, ки созишномаи боздорандаи силоҳ бо ИМА тамдид шавад ва ҳам барои бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” монеъ нашуд.

Барои Путин ин мулоқот аз қабили гуфтугӯҳо бо “қудратҳои ҷаҳонӣ” буда, давраҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки раҳбари СССР бо раҳбари ИМА ба мулоқоте мерафт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ касб мекард.

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ назорати силоҳ, ҳамлаҳои рахнагарон, ҷосусӣ, тағйироти иқлим ва муқобила бо COVID-19 мебошад.

XS
SM
MD
LG