Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони НАТО Чинро як таҳдид ба амнияти ҷаҳон хонданд



Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар Бруссел. 14 июн, 2021.
Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар Бруссел. 14 июн, 2021.

Сарони кишварҳои НАТО аҳд карданд, ки аъзои ин паймон дар баробари зуҳури Чин, иқдомҳои пархошҷӯёнаи Русия ва ҳар гуна таҳдиди дигар, ба таври муштарак мубориза хоҳанд кард.

Сарони кишварҳои НАТО аҳд карданд, ки аъзои ин паймон дар баробари зуҳури Чин, иқдомҳои пархошҷӯёнаи Русия ва ҳар гуна таҳдиди дигар, ба таври муштарак мубориза хоҳанд кард. Дар баёнияи муштараки сарони НАТО, ки шоми 14-уми июн пас аз нишасти онҳо дар Бруссел ба нашр расид, гуфта шудааст, то вақте Русия пойбандии худро бо қонунҳои байналмилалӣ нишон надиҳад, баргашт ва робитаҳои кишварҳои Ғарб ва Маскав ба ҳолати оддӣ дур аз имкон ба назар мерасад.

Раҳбарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО ҳамчунин дар поёни нишасти рӯзи душанбеи 14-уми июн эълон карданд, ки Чин як таҳдиди амниятии доимӣ аст, ки талош мекунад назми байналмилалиро зери суол барад. Онҳо айни замон дар мавриди суръати тавлиди мушакҳои ҳастаии Чин ибрози нигаронӣ карданд. Раҳбарони НАТО аз Пекин хостанд, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ амал кунад ва дар низоми ҷаҳонӣ масъулона амал намояд.

Баёнияи НАТО дар шароите нашр мешавад, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико талошҳои худро барои ҷалби ҳимояти муттаҳидони Вашингтон дар муқобила бо Чин ва таваҷҷуҳ ба масъалаи ҳуқуқи башар ва рафтори таҳоҷумии он кишвар дар Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусияро афзоиш додааст.

Оқои Байден дар нишастҳои кишварҳои "Гурӯҳи 7" низ масъалаи рафтори Чин бо мусалмонони ӯйғурро матраҳ кард ва дар поёни он нишасти серӯза, ки дар Бритониё баргузор шуд, аз ҳамкории кишварҳои дигар дар ин замина ибрози ризоят кард. Албатта ӯ ёдовар кард, ки дар мавриди лаҳни интиқод аз Пекин дар ин замина ҳанӯз байни муттаҳидони Амрико ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад.

Дар баёнияи нишасти НАТО ба таври ошкор гуфта мешавад, ки "аъзои НАТО бо дарназар гирифтани амнияти кишварҳои узв бо Чин бархӯрд хоҳанд кард".

Сафорати Чин дар Лондон рӯзи душанбе дар вокуниш ба баёнияи поёнии нишасти сарони Гурӯҳи 7 гуфт, "ин баёния барқасдона муттаҳам кардан ва дахолат дар умури дохилии Чин аст ва нияти хабисонаи чанд кишвар, аз ҷумла Амрикоро ба хубӣ ошкор мекунад".

Ҳукумати Чин то кунун ба баёнияи поёнии нишасти НАТО вокуниш нишон надодааст.

Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО нишасти рӯзи душанберо як чархиши муҳиме дар фаъолияти ин паймон гуфтанд, ки дар даврони президентии Доналд Трамп бинобар зери суол бурдани паймонҳои чандҷонибаи Амрико ва муттаҳидонаш, заъиф шуда буд.

Ҷо Байден дар дидор ба дабири кулли НАТО ба пойбандии Вашингтон бар моддаи панҷи асосномаи НАТО таъкид кард. Тибқи ин модда, ҳар гуна ҳамла ва ё таҳдиде алайҳи яке аз кишварҳои узв бо вокуниши муштараки ҳама аъзои паймон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҷо Байден гуфт, "моддаи панҷи асосномаи НАТО барои Амрико муқаддас аст. Мехоҳем аъзои НАТО бидонанд, ки Амрико бо онҳост". Дабири кулли НАТО низ пас аз мулоқот бо Ҷо Байден гуфт, "ин иҷлос дар марҳилае баргузор мешавад, ки рақобатҳои геополитикӣ, буҳронҳои минтақаӣ, терроризм ва ҳамлаҳои кибернетикӣ ва паёмадҳои тағйироти иқлимӣ, рӯ ба афзоиш аст".

Ӯ афзуд, "ҳеҷ миллат ва ё қорае наметавонад ба танҳоӣ бо ин чолишҳо рӯбарӯ шавад. Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро танҳо нахоҳанд гузошт".

XS
SM
MD
LG