Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мехоҳад сарбозонаш дар Кобул бимонанд. Толибон ҳушдор доданд


Дар ҳоле, ки Туркия барои ба дӯш гирифтани амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Кобул пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон омодагӣ нишон додааст, гурӯҳи Толибон ҳушдор додааст, ки набояд ҳеҷ аскари хориҷӣ дар ин кишвар боқӣ бимонад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, ки кишвараш ягона кишвари қобили боварӣ аст, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон метавонад нақши муҳим дар сулҳ ва суботи ин кишвар бозӣ кунад.

Эрдуғон пеш аз сафар ба Бруссел рӯзи якшанбеи 13-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҳошияи нишасти сарони НАТО бо Ҷо Байден, президенит ИМА дар ин бора гуфтугӯ мекунад. Кишварҳои НАТО ба шумули Амрико ва НАТО дар марҳилаи ахири поён бахшидан ба ҳузури низомии бистсолаи худ дар Афғонистон қарор доранд. Хуруҷи расмии ин нерӯҳо 11-уми сентябри имсол такмил мешавад.

Тибқи гузоришҳо, Туркия барои ба дӯш гирифтани амнияти фурудгоҳи байналмилалии Кобул, ки роҳи асосии рафтуомади дипломатҳои ғарбӣ ва муассисаҳои кӯмакрасон ба ҳисоб меравад, омодагӣ нишон додааст ва қарор аст шуморе аз сарбозони худро ба ин ҳадаф дар Афғонистон нигаҳ дорад.

Аз сӯе, мушовири амнияти миллии Амрико гуфтааст, ки президент Ҷо Байден бо ҳамтои туркии худ дар баробари масоили дигар, дар ин бора низ гуфтугӯ хоҳад кард, ки Туркия чӣ нақше пас аз хуруҷи нерӯҳо метавонад дар Афғонистон бозӣ кунад. Ӯ гуфт, ки Байден ва Эрдуғон якдигарро хуб мешиносанд, чун дар гузашта низ ҳамкории хуб доштаанд ва бо истифода аз ин фурсат мехоҳанд, ки робитаҳои худро мустаҳкам кунанд.

Дар ин миён, як мақоми Туркия гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар дар сурате дар Афғонистон боқӣ мемонанд, ки бархе масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи қонунӣ ва молии онҳо ҳал шавад. Ин мақом, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки то кунун қатъӣ нест, ки нерӯҳои ин кишвар дар чаҳорчубаи НАТО боқӣ хоҳанд монд ё зимни як созиши дуҷониба. Ва агар ин маъмурият зери назорати НАТО бошад, чӣ машруияте хоҳад дошт. Ин мақоми туркь афзудааст, кишварҳои ғарбӣ моиланд, ки нерӯҳои Туркия аз Фурудгоҳи байналмилалии Кобул муҳофизат кунанд.

Аммо Толибон дар вокуниш ба ин гузоришҳо ҳушдор додаанд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, сарбозони ҳеҷ кишвар набояд дар Афғонистон боқӣ бимонанд. Ба гуфтаи Толибон, дар сурати боқӣ мондани сарбозони хориҷӣ, онҳо аз равише, ки қаблан дар баробари аскарҳои хориҷӣ кор мегирифтанд, истифода хоҳанд кард. Ҳукумати Афғонистон ҳам гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар тавони муҳофизат аз Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва дигар иншоотҳоро доранд.

Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон нигарониҳои амниятӣ ба бор овардааст. Кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки дипломатҳои ғарбӣ чигуна ба ҳузур ва рафтуомади худ ба ин кишвар идома хоҳанд дод. Ҳарчанд НАТО гуфтааст, ки мушовирони ғайринизомии худро дар Афғонистон нигоҳ медорад, вале ҳанӯз маълум нест, амнияти онҳо аз сӯи чӣ касоне таъмин хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG