Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири собиқи тоҷик дар YouTube забони англисӣ дарс медиҳад. ВИДЕО


Саъдӣ Тоҳирзода, соҳиби саҳифаи "Забономӯз" дар Фейсбук ва YouTube
Саъдӣ Тоҳирзода, соҳиби саҳифаи "Забономӯз" дар Фейсбук ва YouTube

Як ҷавоне, ки чанд сол дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, забони англисӣ омӯхт ва ҳоло дар YouTube ба ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирон ин забони хориҷиро дарс медиҳад.

Саъдӣ Тоҳирзода, сокини шаҳри Кӯлоб дар YouTube ва Фейсбук бо номи “Забономӯз” саҳифа боз кардааст. Ӯ дар утоқи хурди хонааш барномаи омӯзишӣ омода мекунад ва дар пахши мустақим бо хоҳишмандон дарс медиҳад. “Идеяи наворҳои омӯзишӣ дар интернет аз давраи донишҷӯӣ буд. Вақте мо бо ҳамкасбон дар донишгоҳ дарс мехондем, наворҳои омӯзишӣ тамошо мекардем. Ҳамин буд, ки моҳи декабри соли 2019 шабакаи забономӯз ба майдон омад.”,--гуфт ӯ.

Видоеро ин ҷо тамошо кунед:

Муҳоҷири собиқ дар YouTube забони англисӣ дарс медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Саъдӣ Тоҳирзода, омӯхтани забони англисиро аз синфи сеюм шуруъ кардааст. Модараш ӯро ба забономӯзӣ ташвиқ кард. Ӯ як муддат барои кор ба Русия рафт, вале дубора баргашт ва ҳоло аз роҳи дарс додани забони англисӣ зиндагиашро пеш мебарад. “Вақте, ки синфи се мехондам, дар мактаби мо муаллими забони англисӣ набуд. Модарам Елтсинро дар телевизион мебинад, ки забони англисӣ омӯхта истодааст. Хулоса мекунад, ки бояд писари ман ҳам ин забонро аз худ кунад.”,--нақл кард Саъдӣ.

Шогирдони Саъдӣ дар канали “Забономӯз ” хонандагони мактаб, донишҷӯён ва муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд.

Саъдӣ факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Кӯлобро хатм кардааст. Ба ҷуз, дарси онлайнӣ, инчунин бо кӯмаки хурди Иттиҳоди Аврупо ва созмони “Интернюс” ба 25 фарзандони оилаҳои камбизоат низ забони англисӣ меомӯзонад.

Муниса Зарипова, аз ҷумлаи шогирдони ӯст, ки забони англисиро онлайнӣ омӯхтааст. “Як сол шуд, ки ман аз саҳифаи онлайнии “Забономӯз” истифода мебарам. Маҳз ҳамин саҳифа буд, ки ман забондониамро такмил додам.”,--гуфт ӯ.

Саъдӣ талош мекунад, ки дарсҳояш ҷолиб бошанд, аз ин рӯ, барои фаҳмотар шудан аз порчаҳои филмҳои англисӣ истифода мекунад.

Ин ҷавон мегӯяд, саҳифаи “Забономӯз”-ро барои ҷавонони зодгоҳаш боз карда буд, вале дар давраи пандемияи коронавирус аз аксар минтақаҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар ҳаводор пайдо кард. Ӯ мегӯяд, ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ низ аз Русия ба ӯ менависанд ва дар дарсҳояш иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG