Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон низомиёни асири арманиро бо харитаи замини минкоришуда иваз кард


Дар Арманистон Никол Пашиниян, сарвазири ин кишварро барои ақибнишинии сиёсӣ дар баробари Озарбойҷон муттаҳам медонанд
Дар Арманистон Никол Пашиниян, сарвазири ин кишварро барои ақибнишинии сиёсӣ дар баробари Озарбойҷон муттаҳам медонанд

Ҳукумати Озарбойҷон хабар дод, ки 15 низомии асири Арманистонро бо харитаи майдони минкоришуда дар мавзеи баҳсӣ миёни ду кишвар дар Қарабоғи Кӯҳӣ иваз кардааст.

Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон низ рӯзи 12-уми июн ин хабарро тасдиқ кард.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтанд, ки ин харита макони ҷойгиршавии 100 ҳазор минаро дар ноҳияи Агдами Қарабоғи Кӯҳӣ нишон медиҳад.

Низомиёнро дар марзи Гурҷистон бо Озарбойҷон бо ширкати мақомоти гурҷӣ ба Арманистон супурданд.

Шумораи низомиёни асир ва дигар шаҳрвандони боздоштшудаи Арманистон аз ҷониби Озарбойҷон дар низои охири соли гузашта миёни ду кишвар маълум нест.

Моҳи март Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, ки ба он волидайни низомиёни асир муроҷиат кардаанд, гуфта буд, ки дар Озарбойҷон 249 шаҳрванди Арманистон дар асорат қарор доранд.

Пештар мақомоти Арманистон гуфта буданд, ки 69 низомии асир ба онҳо супурда шудааст.

Дар низои моҳи сентябр ва ноябри соли 2020 миёни Озарбойҷон ва Арманистон даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар нопадид шудаанд.

XS
SM
MD
LG