Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори чор узви як оила дар Ҷайҳун


Деҳае дар ноҳияи Ҷайҳун
Деҳае дар ноҳияи Ҷайҳун

Дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) дастикам чор узви як оила, ки се нафарашон кӯдак будаанд, кушта шуданд. Рӯзи 12-уми июн дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса субҳи имрӯз 12-уми июн рух додааст. Манбаъ афзуд, ки ҳамаи онҳо узви як хонавода будаанд. Мақомот тафсилоти дигар намедиҳанд. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон ҳам гуфт, ки аз ин хабар огаҳӣ дорад, вале ҷузъиёти бештар дертар нашр мешавад.

Бино ба иттилои манбаъҳои ғайрирасмӣ, шумори кушташудаҳои куштори имрӯза эҳтимолан бештар аст. Ба иттилои корбарони Радиои Озодӣ, ҳодиса дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун рух додааст ва ҳанӯз сабаби куштори мудҳиш маълум нест. Ба иттилои тасдиқношуда, ҳамаи онҳоро бо табар куштаанд. "Марди хонавода 39 сол дошта, ба деҳқонӣ машғул будааст", гуфт як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ин ҳодиса огаҳ шудааст. Ӯ навишт, ки "дар деҳа милисаборон аст, касеро дохил ва берун шудан намемонанд".

Ноҳияи Ҷайҳун дар 161-километрии ҷануби Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ва наздик ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Аксар сокинонаш аз роҳи кишоварзӣ рӯзии худро таъмин мекунанд.

Тафсилоти бештар соатҳои наздик нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG