Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қриму Украинаро ба Ҷоми Аврупо кашиданд


Иттиҳоди футболи Украина ду шиореро, ки дар рӯйи нимтанаҳо навишта шудаанд, нигоҳ медорад. Пештар UEFA гуфта буд, бо сабаби ин ки ин навиштаҳо паёми сиёсӣ доранд, бояд аз рӯйи либоси футболбозон бардошта шаванд.

Президенти Иттиҳоди футболи Украина Андрей Павелко дар Фейсбук навишт, ки шиорҳои “Зинда бод, Украина” ва “Зинда бод, қаҳрамонҳо” рӯзи 11-уми июн дар остонаи бозиҳои Ҷоми Аврупо-2020 тасдиқ шуд. Шурӯи бозиҳо шоми 11-уми июн аст.

Андрей Павелко
Андрей Павелко

Навиштаҳову наққошии рӯйи либоси тими миллии футболи Украина баёнгари ихтилофҳо бо Маскав аст, чун дар рӯйи он хатҳои қаламрави Украина бо шумори нимҷазираи Қрим ифода шуда, инчунин, ду шиор дорад.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол кард ва баъд аз ин барои “сафед” кардани худ як ҳамапурсӣ барпо кард, ки аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун сохтакорӣ арзёбӣ шуд. Ин овоздиҳӣ, ки таҳти чораҳои шадиди низомӣ барпо шуд, бар асоси Конститутсияи Украина ғайриқонунӣ номида шуд ва ҳам натиҷаҳои онро аксар кишварҳои ҷаҳон напазируфтанд.

Иттиҳоди футболи Аврупо (UEFA), ки бо талаби Русия мавзӯи футболкаҳои тими миллии Украинаро ба муҳокима кашид, рӯзи 10-уми июн дар ҳукме гуфт, харита ҳеч мушкил надорад, вале шиорҳои “Зинда бод, Украина” ва “Зинда бод, қаҳрамонҳо” сирф паёми сиёсӣ дорад. Павелко гуфт, либосҳоро ба ҳамон шакле, ки буданд, тасдиқ кард ва ҳам афзуд, баҳсашро бо UEFA идома медиҳад.

Александр Ҳливинский, котиби матбуотии тими футболи миллии Украина, ба журналистон гуфт, намуди футболкаҳо ба ҳамон шакле, ки буд, мемонад ва мақомоти Иттиҳоди футболи Украина дар Рум баррасии ин мавзуъро бо UEFA идома медиҳанд.

Ӯ афзуд: “Онҳо аз ҷониби UEFA тасдиқ шуданд. Ҳама чиз аз ҷониби UEFA тасдиқ шудааст. Ҳама рамзҳо аз ҷониби UEFA қабул шудааст ва раиси Федератсияи футболи Украина ҳоло дар Рум бо UEFA дар ин бора гуфтугӯ мекунад”.

Бо сабаби пандемияи коронавирус рақобатҳои Ҷоми Футболи Аврупо аз соли гузашта ба имсол гузаронида шуданд ва, қарор аст, аз 11-уми июн то 11-уми дар 11 шаҳр, аз ҷумла Санкт-Петербуги Русия баргузор шаванд. Эҳтимол дорад, дар дориаи бозиҳои чорякниҳоӣ тими Украина дар Русия ҳам ҳозир шавад. Нахустин бозии тими украиниҳо 13-уми июн дар Амстердам дар муқобили Нидерландия ба нақша гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG