Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттафиқи Навалний гуфт, ки саломатии ӯ беҳтар шудааст


Алексей Навалний дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз дохили зиндон тавассути тамоси видеоӣ иштирок мекунад
Алексей Навалний дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз дохили зиндон тавассути тамоси видеоӣ иштирок мекунад

Раиси Бунёди зидди коррупсия (ФБК), ки ҳафтаи гузашта мамнӯъ ва экстремистӣ унвон шуд, гуфт, ки ҳоло саломатии Алексей Навалний беҳтар шудааст ва ӯ аз паёмадҳои гуруснанишинӣ ба худ меояд. Дар як сӯҳбаташ бо “Эхо Москвы” рӯзи 11 июн Иван Жданов гуфт, ки Навалний вазъияти атрофи ФБК-ро аз хабарҳову иттилои ҳуқуқшиносонаш пайгирӣ мекунад. Қаблан Жданов аз вазъи саломатии Навалний изҳори нигаронӣ карда буд, чун мунаққиди зиндонии Кремлин моҳҳои марту апрел давоми 24 рӯз даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Ӯ гуфт, ки эътирозаш ба маҳрум шудани ӯ аз ёрии муносиби тиббӣ рабт мегирад, чун мақомоти зиндонҳо нагузоштанд, ки табибони мустақил барои муоинаву табобати дарди миён ва мушкили дарди поҳояш ба наздаш роҳ дода шаванд.

Алексей Навалний як мунаққиди бисёр шадидлаҳни Кремлин аст ва соли гузашта бар асари заҳролудшавӣ бо заҳри навъи низомии “Новичок” дар Олмон табобат гирифт. Вақте 17-ми январи имсол ба Маскав баргашт, боздошт шуд ва чанд ҳафта баъд бо қарори додгоҳ ба 2,5 соли зиндон маҳкум гардид. Мақомот гуфтанд, ки Навалний қарори додгоҳ аз соли 2014-ро дар бораи ҳабси шартӣ вайрон кард. Худи Навалний дар заҳролудкунии худ президент Владимир Путинро гунаҳгор кард. ФСБ ва Кремлин ин иттиҳомотро рад кардаанд. Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Русия, ки онро ҳафтаи гузашта Путин имзо кард, афроди марбут ба созмонҳое, ки тамғаи экстремистӣ гирифтаанд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд. Ин қонун амалан ба мақомот имкон медиҳад, ки ҳама гуна мухолифон ва дигарандешонро аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум кунанд.

XS
SM
MD
LG