Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил истифода аз маҳсулоти пӯстиро манъ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Исроил фурӯши маҳсулоти пустиро манъ кард. Дар ин бора вазири ҳифзи муҳити зисти он кишвар Гила Гимлиэл қарореро ба имзо расонд.

Бино ба навиштаи The Jerusalem Post, ҳамин тариқ Исроил нахустин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки фурӯши маҳсулоти пустиро дар саросари кишвар манъ кард.

Қарори манъи фурӯши маҳсулоти пустӣ аз моҳи декабри соли 2021 ба иҷро хоҳад даромад. Вале истифодаи он бо ҳадафҳои омӯзишию илмӣ ва дар маросимҳои динии Исроил ҳамоно иҷозат аст.

Барои нақзи қарор то 75 ҳазор шекел (1,6 миллион рубли русӣ) ҷарима ва ё 1 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳайвонҳо аз соли 2009 ба ин сӯ даъват доштанд, ки фурӯши маҳсулоти пустӣ дар Исроил манъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG