Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон назорати таҳсили динӣ дар хориҷро сахттар мекунад


Донишгоҳи Ал-Азҳар.

Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз моҳи июн донишҷӯён аз Узбекистонро танҳо дар асоси тавсияномаи Кумитаи умури дини назди Девони вазирони он кишвар қабул хоҳад кард. Намояндаи сафорати Узбекистон дар шаҳри Қоҳира рӯзи 9 июн ин хабарро тасдиқ кард.

Як таҳлилгари наздик ба ҳукумати Узбекистон гуфт, дар он кишвар ба ноболиғон таҳсили диниро иҷозат намедиҳанд ва низ ҳар касе мехоҳад, дар хориҷ таълими динӣ гирад, бояд аз Кумитаи дин иҷозат гирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин иқдом пешгирӣ аз мавҷи ҷавононе аст, дар Мисру Туркия таҳсили ғайриқонунии динӣ мегиранд.

Таҳлилгаре, ки барои Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ҳисобот омода мекунад, гуфт, дар давоми 5 моҳи аввали соли равон 1800 ноболиғи узбеке дастгир шудааст, ки мехостанд барои таҳсили динӣ ба Миср раванд. Ин хабарро шахсе ҳам тасдиқ кард, ки ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои динии Миср мефиристод.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 1500 ҷавони дигар аз мадрасаҳои хориҷ ба Узбекистон баргардонида шудааст. Бештари онҳо сокинони водии Фарғона, вилоятҳои Андиҷон ва Намангон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG