Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия афзуд


Назди Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Назди Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Аз 10-уми июн шумори парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия зиёд шуд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, акнун ширкатҳои “ЮтЭйр” ва “Сомон Эйр” ҳар ҳафта аз Душанбе ба Маскав ду парвозӣ анҷом медиҳанд. То ин дам ин ширкатҳо дар ин хатсайр ҳақ доштанд, фақат якпарвозӣ дар ҳафта анҷом диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “ЮтЭйр” аз Душанбе ба Маскав ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа дар назар аст. Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвоз анҷом медиҳанд.

Пештар масъулини Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ки нархи билет барои парвозҳои доимӣ 4050 сомонӣ аст, вале сокинон арзиши онро бештар аз ин мегӯянд.

Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия метавонад, барои муҳоҷирон хабари хуш бошад, чун садҳо муҳоҷири тоҷик ҳамарӯза дар назди нуқтаҳои билетфурӯшӣ мунтазири хариди билет ба самти Русия ҳастанд.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия 1-уми апрел оғоз шуданд. Феълан ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” миёни ду кишвар парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд. Бар илова, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал” ва “Сибир” ҳам бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Русия мебаранд.

XS
SM
MD
LG