Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати Исломӣ" масъулияти ҳамла ба минарӯбони афғонро пазируфт


Тобути минарӯбони кушташуда дар ҳамлаи 8 июн дар вилояти Бағлони Афғонистон
Тобути минарӯбони кушташуда дар ҳамлаи 8 июн дар вилояти Бағлони Афғонистон

Як шуъбаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ) масъулияти ҳамлаеро бар дӯш гирифт, ки дар он 10 афғонистонии як созмони поксозии минаҳо кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шуданд.

Созмони ғайридавлатии "ҲАЛО Траст", марказаш дар Бритониё, хабар дод, ки шоми 8-уми июн нишемани минарӯбони он дар вилояти шимолии Бағлон "аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи номаълум" ҳадаф гирифта шуд.

Сарвари иҷроияи “ҲАЛО Траст”, Ҷеймс Кован, дар як изҳороти видеоӣ гуфт, ки аксари коргарони кушташуда аз қавми ҳазора ва ақаллияти шиа буданд, ки гурӯҳҳои тундрави суннӣ онҳоро муртад мешуморанд. Кован инчунин гуфт, созмони ӯ дар Афғонистон хоҳад монд ва кори худро идома хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки бо оғози хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ хунрезӣ ва хушунат дар Афғонистон шадидан афзоиш ёфтааст. "Мо аз ончӣ мегузарад, сахт нигарон буда метавонем, вале ҳамоно худро вазифадор мешуморем, ки ин ҷо бошем", -- гуфт ӯ.

Бино бар иттилои торнамои худ, HALO Trust дар Афғонистон, ки яке аз минакоридашудатарин кишварҳои ҷаҳон аст, беш аз 2600 корманд дорад. Ин созмон мегӯяд, кормандонаш аз аҳолии шаҳру деҳоте ҳастанд, ки аз минаҳо осеб дидаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ҳамларо Толибон анҷом доданд. Вале ин гуруҳ даст доштанашро дар ҳодиса рад кард. Ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъули ҳамлаҳои харобиовари солҳои охир дар ин минтақа дониста мешаванд, ки дар онҳо садҳо нафар аз қавми ҳазора кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG