Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия бунёд ва ситодҳои Навалнийро "экстремистӣ" эълом кард


Алексей Навалний. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Маскав шоми 9-уми июн Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифин, ситодҳои ӯ ва созмони "Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон"-ро экстремистӣ эълом карда, фаъолияташонро дар ҳудуди Русия мамнуъ донист.

Дар қарори додгоҳ, ки бо дархости додситонии Русия содир шудааст, омада, ки ин созмонҳо бояд фавран фаъолияти худро қатъ намоянд.

Мурофиаи додгоҳӣ беш аз 12 соат идома ёфт ва вакилони бунёди Навалний дар охир толорро тарк карда, гуфтанд, додгоҳ мустақил нест.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Иван Павлов, ҷониби айбдоркунанда ваъдаи бунёдро, ки гуфта буд ҷаримаи иштирокдорони тазоҳуроти бидуни иҷозатро хоҳад пардохт, ҳамчун далели сармоягузории "фаъолиятҳои эксмтремистӣ" пешниҳод кардааст.

Парванда ба далели муҳри "махфӣ" доштани баъзе аз санадҳо пушти дарҳои баста баррасӣ шуд. Додрас дар мурофиаи ахир ҳамаи дархостҳои ҷониби ҳимоятгарро рад кардааст.

Дар саҳифаи Навалний, ки худи ӯ ҳоло дар зиндон аст, баъди поёни мурофиа навишта шудааст, "аз ҳадаф ва идеяҳои худ даст намекашем. Ин ватани мост ва мо ватани дигаре надорем".

XS
SM
MD
LG