Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, дар фурудгоҳ миёни ду президент "мулоқоти хос" баргузор шуд. Баъдан президенти Узбекистон аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ дар маркази пойтахт рафт.

Дар назар аст, дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон беш аз 30 санад имзо шавад.

Тошканду Душанбе дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, равобити хуб надоштанд. Муносибатҳо баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар соли 2016 ҳамвор шуд.

Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, солҳои охир додугирифт афзуда, соли гузашта ба беш аз 500 миллион доллар расидааст.

Илова ба ин, Узбекистон кишвари аввалине буд, ки рӯзи 29-уми апрели имсол ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон вокуниш кард. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар аз тарафҳои даргир хост, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои якҷоя андешанд ва дар навбати худ ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ ёрӣ расонад.

XS
SM
MD
LG