Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии турк дар "Манас" имтиёз ваъда кард


Фурудгоҳи байналмилалии "Манас".
Фурудгоҳи байналмилалии "Манас".

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии туркӣ даъват кард, ки аз фурудгоҳи "Манас" ҳамчун маркази логистикӣ дар Осиё истифода кунанд.

Ҷабборов гуфт, дар сурати истифодаи фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек ҳамчун маркази логистикӣ, ба ширкатҳои туркӣ имтиёз дода мешавад.

Президенти Қирғизистон дар ин бора рӯзи 9-уми июн дар панҷумин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегӣ байни Қирғизистону Туркия дар шаҳри Анкараи Туркия суҳбат кард. Вай гуфт, доду гирифти ду кишвар бояд то ба 1 млрд доллар расонида шавад.

Ҷабборов ҳамчунин ба сармоягузорони туркӣ ваъдаи ташкили фазои мусоиди тиҷорӣ ва имтиёз дод.

Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми июн бо сафари расмӣ ба Туркия рафта, то 11 июн онҷо мемонад.

XS
SM
MD
LG