Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду кас барои шаппотӣ задан ба рӯйи президенти Фаронса. ВИДЕО


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ҳангоми дидор бо сокинони Тен-ЛʼЭрмитаж шаппотӣ хӯрд. Ин ҳодиса рӯзи 8-уми июн дар ҷанубу шарқи Фаронса рух дод.

Пулиси Фаронса ду касро бо гумони истифода аз хушунат нисбат ба шахси расмӣ боздошт кардааст. Расонаҳо менависанд, ин нахустин ҳамла ба сиёсатмадори фаронсавӣ аст.

Президенти Фаронса шаппотӣ хӯрд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Макрон тасмим дошт, ба шаҳри Валанс рафта, дар тарабхонаи "Муншии хурд" хӯрок хӯрад. Аммо пеш аз ба тарабхона рафтан ба назди ҳаводоронаш баромад, ки ба ифтихори вай шиорпартоӣ мекарданд. Ин замон марде, ки дар рӯ ниқоб дошт, ӯро шаппотӣ зад.

Дар наворҳо дида мешавад, ки мард мегӯяд: "Нест бод макронизм".

Ангезаи ҳамла ва исми ҳамлагар хабар дода нашудааст. Шахсияти фарди дувуми боздоштшуда низ ошкор нагардидааст. Сиёсатмадорони бонуфузи Фаронса ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Эммануэл Макрон 43-сола аст ва аз соли 2017 раиси ҷумҳурии Фаронса мебошад. Макрон пештар ба хотири изҳоротҳояш дар робита ба дини Ислом дар бисёре кишварҳои мусалмонӣ танқид шуда буд.

XS
SM
MD
LG