Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар вилояти Бодканди Қирғизистон мактаб месозад


Самарқандак, вилояти Бодканд. Аз бойгонӣ
Самарқандак, вилояти Бодканд. Аз бойгонӣ

Узбекистон дар деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканди Қирғизистон мактаб месозад. Аз мақомоти вилояти Бодканд гуфтанд, созиш дар ин бора миёни раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев ва раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Хайрулло Бозоров ҳосил шудааст.

Мактаби нав дар пайи гимназияи куҳнае бунёд мешавад, ки 70 сол пеш сохта шуда буд. Шарт ва шароити бунёди мактаби нав иттилоъ дода намешавад.

Дар Қирғизистон 2262 мактаби миёна мавҷуд аст.

Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки наздик ба 200 мактаб дар он кишвар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва ҳамзамон Қирғизистон қариб ба 600 мактаби иловагӣ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG