Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашёи ду донишҷӯи бедаракшуда дар куҳҳои Қазоқистонро пайдо карданд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз ҳафт донишҷӯе, ки 21 май ба сайри дараи "Сарӣ-Ойгир"- и боғи миллии Сайрам-Угами вилояти Туркистони Қазоқистон баромада, бедарак шуда буданд, ашёи ду нафарашонро 8 июн пайдо карданд.

Бародари яке аз ин ду донишҷӯ гуфт, ашёи ёфтшуда ба бародараш тааллуқ доранд. Ба гуфтаи вай, дар ҳайати гуруҳи ҷустуҷӯгарон падараш низ ҳаст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Идораи ҳолатҳои изтирории Туркистон, ашёи донишҷӯён 8 июн дар минтақаи Толебин, дар маҳалли якҷошавии рӯдхонаҳои Айгиржиккан ва Угам пайдо шудааст.

Ҳафт донишҷӯи қазоқ 21 май ба сайри дараи "Сарӣ-Ойгир" баромада, бедарак шуданд. Ба ҷустуҷӯи онҳо кормандони пулис, посбонон, кормандони боғ ва наздикони бедаракшудаҳо сафарбар шуданд.

Ҷустуҷӯгарон 28 май се донишҷӯро пайдо карданд. Як рӯз баъд, 29 май ҷасади ду нафари дигарро дар наздикии рӯдхонаи Угам ёфт шуд.

XS
SM
MD
LG