Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зодагони ОМ барои кору зиндагӣ дар Русия аз санадҳои сохтаи қирғизӣ истифода мебаранд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар давоми 5 моҳи аввали имсол 113 мавриди истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ошкор карда шудааст.

Тавре намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Русия гуфт, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар хориҷ таҳия шудаанд.

"Ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машғул шудан ба муҳоҷирати корӣ дар Русия аз шиноснома ва шаҳодатномаҳои сохтаи қирғизӣ истифода мебаранд", - гуфт манбаъ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар давоми 5 моҳи аввали имсол 57 мавриди истифода аз шаҳодатномаи пластикиву шиноснома ё ID-card-и сохта (намунаи соли 2014) аз сӯи шаҳрвандони худи Қирғизистон ва дар 56 ҳолат аз сӯи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ошкор шудааст.

Пештар ВКД-и Қирғизистон гуфта буд, ки дар пайи ворид шудани ин кишвар ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳолатҳои истифодаи шиносномаҳои сохтаи қирғизӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG