Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон барои муттаҳамони таркиши анбори аслиҳа то 10-солии зиндон талаб карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии Қазоқистон барои чаҳор муттаҳами таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Ариси он кишвар 10-солии зиндон талаб кард. Рӯзи 7-уми июн 16 айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур дар додгоҳ сухани охири худро гуфтанд.

"Айбдоршаванда худро гунаҳкор эътироф накарданд. Вакилони мудофеъ аз камбудҳои раванди тафтишот ёдовар шуданд. Сабаби таркиш муайян нашудааст. Айбҳои эъломшуда собит нагардидаанд", - гуфт яке аз вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо.

Додрасе, ки ба баррасии парванда машғул аст, барои содир кардани ҳукм ба хонаи машваратӣ рафтааст. Интизор меравад, додгоҳ ҳафтаи ҷорӣ нисбат ба айбдоршавандаҳо ҳукм содир кунад.

Ин дар ҳолест, ки зимистони соли ҷорӣ додгоҳ парвандаи таркиш дар анбори аслиҳаи қисми низомии шаҳри Арисро барои "бартарафсозии камбудҳо" ва "ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъули дигар, ки ба ин парванда рабт доранд", ба додситонӣ баргардонида буд.

Дар ин бора Ғанӣ Утеулиев, як масъули додгоҳи низомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон рӯзи 29 январ хабар дода буд.

Додгоҳ парвандаи мазкурро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Дар доираи парвандаи мазкур айни замон 16 кас айбдор мешаванд. 1500 кас ҳамчун ҷабрдида дар парванда зикр шудаанд.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори қисми низомие дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Дар он ҳодиса 4 кас кушта шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи таркиш 85 дарсади манзилҳои шаҳр хисорот дида, бештар аз 20 манзил комилан хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG