Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Москва "қотил"-и як донишҷӯи қазоқистониро сафед кард


Томирис Байсафӣ.
Томирис Байсафӣ.

Додгоҳи ноҳияи Никулини шаҳри Москва Муртузалӣ Маҷидов, писари раиси пешини ҳукумати Доғистонро сафед кард. Вай бо айби куштори донишҷӯдухтар аз Қазоқистон Томирис Байсафӣ дар соли 2018 боздошт шуда буд. Муртузалӣ Маҷидовро аз толори додгоҳ озод кардаанд.

Томирис Байсафӣ, донишҷӯи 21-солаи яке аз донишгоҳҳои Москва баҳори соли 2018 аз ошёнаи чаҳорум ба замин афтод. Ӯро дар беморхона бистарӣ карданд, аммо 3 майи ҳамон сол фавтид. Яке аз шоҳидони ҳодиса нақл кард, ки ӯро латту кӯб ва аз ошёнаи чаҳорум ба замин партофтаанд. Он замон мақомоти Русия бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Муртузалӣ Маҷидов ҳамдарси Байсафӣ буд. Маҷидов писари Мухтор Маҷидов - муовини пешини роҳбари ҳукумати Доғистон аст. Маҷидови хурдиро субҳи 21 июли соли 2018 боздошт ва ба ҳасб гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG