Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди чор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия


Зиндониҳои маҳбасе дар Мордовия
Зиндониҳои маҳбасе дар Мордовия

Русия бо дархости Тоҷикистон чор шаҳрванди ин кишварро, ки ба ҷинояткорӣ муттаҳам мешаванд, истирдод кард. Додситонии кулли Русия хабар медиҳад, ки зодагони Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноят алайҳи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар нисбати ашхоси алоҳида ва молу мулк гумонбар мешаванд. Яке аз онҳо дар қатли 5 нафар дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ, дуввумӣ ба талоши ҷалби тоҷикон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ дар соли 2016, севвумӣ ба расонидани осеби ҷисмонӣ бо корду табар дар соли 2017 ва чорумӣ ба фирор аз комиссариати ҳарбӣ муттаҳам будааст. Бино ба иттилои Додситонии кулли Русия, гумонбарон рӯзи 5 июн таҳти конвойи махсус ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG