Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод


Пешвози президент Эмомалӣ Раҳмон дар Нуробод. 7-уми июни соли 2021. Акс аз вебсайти president.tj
Пешвози президент Эмомалӣ Раҳмон дар Нуробод. 7-уми июни соли 2021. Акс аз вебсайти president.tj

Президенти Тоҷикистон, субҳи 7-уми июн бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод рафта ба кори сохтмони роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшид. Дарозии умумии ин роҳ 75 км буда, арзиши он 350 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар як таҳаввулоти дигар, охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон тарҳеро имзо намуд, ки равуои тоҷикон ва узбекҳоро ба кишварҳои ҳамдигар дар давраи пандемияи коронавирус осонтар мекунад. Тибқи ин лоиҳа, шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳангоми расидан ба Тоҷикистон ё Узбакистон дар муддати даҳ рӯз аз лаҳзаи убури марз аз сабти ном ва сабти иқомат озод карда мешаванд. Интизор меравад, тағйироти мазкур ҳангоми сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар назар аст, тасдиқ шавад. Зимнан дар пешорӯи ин сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини сарвазири Узбекистон рӯзи 5-уми июн масъалаи барқарор намудани ҳаракати автобусҳоро матраҳ карданд. Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, дар ин гуфтушунид эҳёи хатсайри автобусҳо байни Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG