Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни ҳусӣ иддао карданд, ки ба Арабистони Саудӣ зарба заданд


Шаҳри Санъо, маркази Яман
Шаҳри Санъо, маркази Яман

Шӯришиёни ҳусӣ дар Яман иддао карданд, ки бо ҳавопаймои бесарнишин ба ҷануби Арабистони Саудӣ ҳамла анҷом доданд. Сухангӯи гурӯҳ, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешавад, дар Твиттер навишт, ҳамлаи 6-уми июн ба пойгоҳи низомии "Хамис-Мушаит" муваффақона буд.

Аммо Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ мегӯяд, ҳавопаймои бидуни сарнишинро пеш аз ҳамла радёбӣ карда, аз байн бурдааст.

Чанд соат пеш аз ҳамла мақомоти Яман гуфтанд, ки шӯришиёни ҳусӣ дар ин кишвар низ як мушаки баллистикиро партоб карданд. Ба гуфтаи онҳо, бар асари партоби мушак бар шаҳри Мариб, ки зери назорати давлат аст, 17 нафар кушта ва 5 каси дигар захмӣ шуданд.

Вазири иттилооти Яман гуфт, ҳамаи қурбониён ғайринизомиён ҳастанд. Вай ин ҳодисаро "ҷинояти ҷангӣ" хонд ва аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ки ҳамлаи ҳусиҳоро маҳкум кунад.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ моҳи марти соли 2015, пас аз он ки ҳусиҳо дар охири соли 2014 ҳукумати зери ҳимояти Саудиро аз пойтахт, шаҳри Санъо, ронданд, дар Яман "дастбакор шуд". Ин муноқиша асосан дар минтақа ҳамчун ҷанги байни Арабистони Саудӣ ва Эрон арзёбӣ мешавад.

Ҷанги ҳафт соли охир ҷони беш аз 130 ҳазор нафарро рабудааст.

XS
SM
MD
LG