Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери шинохта аз Сангвор гуфт, пас аз "як нофаҳмӣ" ба YouTube баргашт


Блогери 39-сола аз деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор (Тавилдара), ки пештар гуфта буд, фаъолияташро дар YouTube бас мекунад, бо нашри ду навор аз баргаштани худ ба ин шабакаи иҷтимоии маъруф хабар дод.

Файзалӣ Сафаров дар ду навор аз ибораҳои "як нофаҳмӣ буд" ва "гуфта будам, маро ғам дода истодаанд" истифода карда, аммо ҷузъиёт надодааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ низ нахост, ки мазуъро шарҳ диҳад. Қаблан баъзе аз шахсони огоҳ аз қазия гуфта буданд, ӯ зери фишори мақомот аст, аммо дар ҳукумати ноҳияи Сангвор чунин иддаоро инкор карданд.

Чӣ гузашт?

Сафаров ду рӯз пеш дар наворе дар YouTube гуфт, "вақте эълон кардам, ки фаъолиятро қатъ мекунам, ин қадар занг заданду навиштанд. Ду рӯз фақат ба паёмҳо ҷавоб додем. Навиштанд, ки аз наворҳо роҳат мекунем. Дар ин байн як нофаҳмӣ буд, бародарони азиз." Вале рӯшан нагуфтааст, ки нофаҳмӣ бар сари чӣ ва ё бо кӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот пас аз расонаӣ шудани қазияи Файзалӣ Сафаров ба ӯ иҷозат додаанд, ки ба таҳияи барномаҳояш дар YouTube идома бидиҳад. Саҳифаи ӯ 144 ҳазор корбар дорад ва наворҳояшро аз 10 ҳазор то 1 миллион бор дидаанд.

Файзалӣ Сафаров рӯзи 5-уми июн дар навори дигаре аз блогерон дар хориҷа низ хостааст, номи ӯро бо масоили сиёсӣ пайванд надиҳанд, чун фақат дар бораи табиат барнома омода мекунаду бо сиёсат кор надорад. "Мо як даҳон гап гуфтем, ки бас карданием, ғам дода истодаанд. Зиндагии худам аст, шабака аз худам аст. Бигзор чизе бигӯям. Чаро маро дар ҳама ҷо ҳамроҳ мекунед?" -- гуфтааст ӯ.

Блогери тоҷик қаблан низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳозир нашуда буд, масъаларо ошкор кунад, вале сокини ноҳияи Сангвор Шодимуҳаммад Қодиров, ки дар Русия асту ба қавли худаш, аз вазъи ноҳия хабар дорад, гуфт, "ба Файзалӣ фишор овардаанд, то тарзи корашро дигар кунад. Ба ӯ гуфтаанд, аз ин пас бояд "зинда бод" гӯйӣ ва зидди танқидгарон гап занӣ. Ӯ гуфтааст, маро ба сиёсат ҳамроҳ накунед, монед табиатро намоиш диҳам. Гуфтаанд, ё ҳамин корро мекунӣ, ё тамоман дигар кор намекунӣ".

Шодӣ Раҳмонов, мудири Шуъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор рӯзи 2-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз наворҳои блогер бохабаранд ва бо ӯ ҳеч мушкил надоранд.

Файзалӣ Сафаров кист?

Файзалӣ Сафаров то соли 2016 дар Русия муҳоҷири корӣ буд ва пас аз бозгашт аз хориҷ дар Ютюб саҳифа кушод ва наворҳоро аз табиати ноҳияи Сангвор нашр кард. Ӯ ҳамчунин маросими бузкашӣ, бо ҳашар сохтани пулу роҳ ва сурудхонии овозхонҳои ноҳияро бозтоб медод. Сафаров дар соли 2019 барандаи Шоҳҷоизаи озмуни Радиои Озодӣ – "Деҳи ман як пораи хоки ватан" – гардида, соли 2017 “Қаҳрамони Ютюб” аз Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар Тоҷикистон аз имсол барои фаъолияти блогерӣ супурдани андоз талаб мешавад. Бисёре аз блогерон мегӯянд, фаъолияташон на танҳо аз ҳисоби супурдани андоз, балки аз лиҳози интихоби мавзуъ низ маҳдуд шудааст.

Дар Тоҷикистон омори дақиқе дар бораи шумораи блогерон мавҷуд нест, вале бештар аз 50 нафар дар ин кишвар дар Ютюб аз сад ҳазор корбар зиёд доранд ва наворҳои видеоӣ нашр мекунанд. Дар даҳ соли охир ба гуфтаи коршиносон, болои матбуоти мустақил барои интихоби мавзуъ ва нашри дидгоҳҳо ба манфиати мақомоти тоҷик фишор афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди "Гузоришгарони бидуни марз" аз нишондоди порсола як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифтааст. Ин вазъ ба кори блогерон низ таъсир кардааст ва зоҳиран ҳукумат мехоҳад онҳоро ба таблиғгари низом табдил диҳад. Коре, ки барои блогерон зиёновар аст, чун наворҳояшон дар ин сурат бинандаи зиёд нахоҳад дошт.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG