Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати IRS эълон кард, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шудааст


Роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки аз ҷониби ширкати оффшории IRS нигаҳдорӣ мешавад
Роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки аз ҷониби ширкати оффшории IRS нигаҳдорӣ мешавад

IRS (Innovative Road Solutions), як ширкати фаъолияташ шубҳаовар дар Тоҷикистон, ки барои нигаҳдории роҳи Душанбе-Хуҷанд аз ронандаҳо пул мегирад, рӯзи 5-уми июн аз маҳдудияти сафар дар ин роҳ хабар дод.

Ба гуфтаи ин ширкат, ба хотири таъмири нақби “Истиқлол” ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд соатҳои 07:00 то 10:00 ва аз 13:00 то 16:00 манъ аст. Ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе низ аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 номумкин шудааст.

“Ронандагони гиромӣ бояд донанд, ки аз соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 субҳ роҳ ба ду самт кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст”,--гуфтааст ин ширкат.

Ширкати IRS гуфтааст, ки ин қароро дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори кишвар гирифтааст ва ҳадаф дорад, ки “дар нақби “Истиқлол” чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб кунад”.

Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS, ки ҳоло мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG