Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодии баён дар Узбекистон мурдааст". Муроҷиати рӯзноманигори "Effect.uz"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хабарнигори расонаи мустақили Effect.uz Элёрбек Тоҷибоев бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб рӯзноманигорон ва блогерони Узбекистонро аз хатарнок шудани фаъолияти касбияшон дар он кишвар ҳушдор дод.

Ба гуфтаи Тоҷибоев, зидди рӯзноманигорони Effect.uz танҳо барои кушиши ворид шудан ба қабули раиси Додгоҳи ноҳияи Тирмиз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Аз ҳамаи шумо даъват мекунам, ки ҳушёр бошед. Иҷозат надиҳед, ки ин ҳодиса бо шумо низ рух диҳад. Муҳтарам мунаққидон, рӯзноманигорони мустақил ва блогерон, озодии баён дар Узбекистон мурдааст", - мегӯяд рӯзноманигори Фарғона дар муроҷиати худ.

Зидди рӯзноманигорон Х. Ахмедов, А. Нуримбетов ва Э. Тоҷибоев бар асоси бандҳои "Муқобилият ба намояндаи давлат ё шахсе, ки вазифаи шаҳрвандии худро анҷом медиҳад", "Дахолат дар раванди тафтишот ё баррасии додгоҳӣ", "Туҳмат" ва "Таҳқир"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз ва баррасии он 27 май дар Додгоҳи вилояти Қашқадарё оғоз шудааст.

"Effect.uz" моҳи январи имсол видеоеро аз додгоҳи Тирмиз бо иштироки се рӯзноманигори худ нашр кард. Дар он дида мешавад, миёни рӯзноманигорон ва раиси додгоҳ баҳсе сар задааст. Он рӯз қарор буд, додгоҳ ҳукми Икром Худоёрови муттаҳам ба қаллобиро эълом мекард.

Додрас дар навор рӯзноманигоронро ҳушдор медиҳад, ки бидуни иҷозат ҳақ надоранд ба утоқи вай ворид шаванд.

Шӯрои додгоҳ баъди моҷаро изҳоротеро нашр карда, рӯзноманигоронро ба "амалҳои ғайриқонунӣ, таҷовузкории ошкоро ва эҳтиром нагузоштан ба мустақил будани мақомоти додгоҳӣ" айбдор кард.

XS
SM
MD
LG