Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти мактабҳои туркии "Сапат" дар Қирғизистон "нопадид шудааст"


Тазоҳурот дар назди сафорати Туркия дар Бишкек
Тазоҳурот дар назди сафорати Туркия дар Бишкек

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 2-юми июн хабар дод, ки барои пайдо кардани президенти мактаби байналмилалии "Сапат"-и он кишвар Орхан Инонди амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.

Чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дастур дод, ки ҷустуҷӯйи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.

Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон бо талаби пайдо кардани Орхан Инонди дар назди сафорати Туркия дар Бишкек тазоҳурот доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад. Дар сафорат ин иддаоро шарҳ надоданд.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инонди зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG