Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус сафари шаҳрвандонашро ба хориҷа маҳдуд кард


Сарҳади Беларус ва Литва
Сарҳади Беларус ва Литва

Беларус бо баҳонаи пандемияи COVID-19 муваққатан сафари аксар шаҳрвандонашро ба хориҷа манъ кард. Мухолифон ин қарори мақомотро ҳамчун иқдоми дигар барои маҳдуд кардани озодиҳо ва саркӯби мунаққидону дигарандешони режими Александр Лукашенко танқид карданд.

Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфт, ки манъи сафар ба ҳама сокинон, ба истиснои кормандони идораҳои давлатӣ, ки ба сафари корӣ мераванд, барои кормандони бахши нақлиёт ва ҳам сокиноне, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомати доимӣ доранд, дахл дорад. Ин кумита афзуд, ки шаҳрвандони Беларус ва хориҷиҳо метавонанд барои саёҳат аз роҳҳои ҳавоӣ истифода кунанд, вале пеш аз он давоми даҳ рӯз бояд дар инзиво бимонанд.

Тасмими мазкур дар ҳолест, ки амали мақомоти Беларус барои дар хоки Минск фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair дар таърихи 23-юми май хашми ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Минск гуфт, ки дар бораи гӯё таҳдиди ҷойгузорӣ шудани бомба дар ин ҳавопаймо хабар ёфтааст, вале вақте ҳавопаймо ба замин нишаст, ҳамон замон журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич ва дӯстдухтари ӯ боздошт шуд. Ҳеҷ бомбае дар дохили ҳавопаймо ошкор нашуд. Ҳоло Пратасевичи 26-сола бо иттиҳоми ташкили “беназмиҳои ҷамъиятӣ” муттаҳам мешавад.

Тасмими Кумитаи марзбонии Беларусро намояндагони мухолифон танқид карданд. Валерий Кавалевский, мушовири умури хориҷии раҳбари мухолифон Светлана Тихановская гуфт, ки қарори маҳдуд кардани ҳақи ҳаракати беларусҳо ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG