Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 тонна гӯшт, 20 ҳазор тонна шакар. Ҳукумат гуфт, ки чӣ қадар маҳсулотро бе боҷу НДС меоранд


Назди яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон миқдори молу маҳсулотеро муайян кард, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷу андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ба кишвар хоҳад овард. Санад рӯзи 28-уми май дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар охири моҳи марти имсол барои, ба гуфтаи худашон, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба ин идораи давлатӣ имтиёз доданд, аммо соҳибкорони дигар онро хилофи рақобат дар бозор донистанд. Дар пайи паҳншавии бемории коронавирус ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доштанд.

Бо қарзи Бонки Исломии Рушд

Бино бар қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ҳақ дорад:

  • 80 ҳазор тонна гандум;
  • 20 ҳазор тонна шакар;
  • 5 ҳазор тонна равғани растанӣ;
  • 2 ҳазор тонна биринҷ;
  • 5 ҳазор тонна орд;
  • 200 тонна гӯшт;
  • 30 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;
  • ва 15 ҳазор тонна бензинро бе пардохти боҷ, андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва аксиз аз хориҷа ворид кунад.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин "дар доираи маблағҳои қарзие, ки аз Бонки Исломии Рушд ҷалб гардидааст, харида ва ба Тоҷикистон оварда мешавад."

Имтиёз гирифтани як идораи давлатӣ барои ворид кардани бензину солярка бе пардохти гумрукиву андоз эътирози ширкатҳои фурӯши маводи сӯхтро дар Тоҷикистон ба бор оварда буд.

Моҳи апрели имсол роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз раиси ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, хостанд, ки ба онҳо низ ба монанди Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз бидиҳад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, сабукиҳое, ки ҳукумат ба Оҷонсӣ дод, рақобатро дар бозор вайрон мекунад ва маҷбур мешаванд, фаъолияташонро қатъ кунанд.

Ин ширкатҳо 80 дарсади бозори сӯзишвории Тоҷикистонро зери даст доранд.

Норозиён чӣ мегӯянд?

Бар асоси ҳисоби ин ширкатҳо, пас аз озод шудани Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ аз пардохти боҷу андоз нархи ҳар литр бензини АИ92 ду сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 1 сомониву 20 дирам барояш арзон меафтад.

"Аз ин лиҳоз, дар нархгузорӣ фарқи калон ба вуҷуд омада, аъзои Ассотсиатсия наметавонанд дар бозори кишвар рақобатпазир бошанд ва маҷбур мешаванд аз бозор даст кашанд", -- гуфта мешуд дар номаи дастаҷаъмии ин ширкатҳо ба ҳукумат.

Ба иддаои ҳукумат, ҳадаф аз имтиёз додан ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи маҳсулот ва мудохилаи молӣ (товарная интервенция) ба бозор аст. Ҳоло маълум нест, ки ин тадбир то чӣ ҳад ба нархи бозорҳо таъсир хоҳад дошт, чун раванди гароншавии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад.

Оҷонси захираҳои моддии Тоҷикистон ба хариду воридот ва захираи маҳсулот машғул аст. Дар сурати камбуди мол ё гаронии нархи маҳсулот, Оҷонсӣ муваззаф аст, захираҳояшро барои танзими нарх бо арзиши пасттар ба бозор барорад.

Дар гузашта ҳангоми гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот мақомоти Оҷонсӣ маҳсулоти худро бо нархи нисбатан арзон ба мардум пешниҳод кардаанд, аммо сокинон мегӯянд, ин идора имкони таъмини қисми зиёди аҳолиро бо маводи арзон надорад.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG