Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори фаъоли мадании қазоқ: гумонбарон "сафед" шуданд


Яке аз додгоҳҳои вилояти Қарағандаи Қазоқистон.
Яке аз додгоҳҳои вилояти Қарағандаи Қазоқистон.

Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон ҳукми худро дар доираи парвандаи баҳсбарангези куштори фаъоли маданӣ Галӣ Бактибоев, ки соли 2019 дар наздикии хонааш, дар деҳаи Атасуи вилоят ба қатл расид, эълом кард.

Собиқ корманд пулис Галим Ахмеджанов ва соҳибкори 41-сола Азамат Букенаев, ки дар ташкили латтукӯб ва куштори фаъоли мадании қазоқ гумонбар мешуданд, сафед карда шуданд. Додрас гуфтааст, фармоишӣ будани куштор тасдиқи худро наёфт ва ин афрод ба қатли фаъоли маданӣ низ робитае надоранд.

Имон Миёшови 29-сола, ки дар куштори Бактибоев гумонбар буд, бегуноҳ эълом шудааст. Ба гуфтаи додрас, Миёншов танҳо дар латтукӯб ва оташкушоӣ ба тирезаҳои хонаи фаъоли маданӣ айбдор аст. Гумонбарро танҳо барои ин ду амалаш 6 сол зиндонӣ карданд.

Додгоҳ ҳамчунин гумонбари чорум Элдар Жакенро танҳо дар латтукӯби фаъолӣ маданӣ айбдор дониста, се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Куштори Бактибоеви 59-сола, ки қаблан борҳо таҳдид шуда буд, шаби 28 майи соли 2019 рух дод. Баррасии парвандаи ӯ моҳи майи соли 2020 оғоз шуда, муфаттишон он замон кушторро фармоишӣ номида буданд.

XS
SM
MD
LG