Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни амрикоӣ аз ҳамсоякишвари Тоҷикистон мераванд, "Бозори Буш" гарм аст. ВИДЕО


"Бозори Буш" дар Афғонистон
"Бозори Буш" дар Афғонистон

Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон як бозоре ҳаст, ки онро "Бозори Буш" меноманд. Яъне, ба номи раиси ҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буш гузоштаанд, ки соли 2001 амр дод, нерӯҳои кишвараш барои сарнагун кардани Толибон ба Афғонистон ҳамла кунанд.

Дар ин бозори Афғонистон ашёи дурандохтаи пойгоҳи собиқи низомии Амрикоро мефурӯшанд. Сарбозони амрикоӣ, ки дар ҳоли тарки ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳастанд, пойгоҳро миёнаҳои моҳи май ба дасти нерӯҳои афғон доданд.

Амир Муҳаммад, тоҷири афғонистонӣ, мегӯяд, “дар инҷо компютер, яхдон, мошин, зиреҳ, баъзе таҷҳизоти низомӣ, радио, мавҷгир ва дигар ашёи гуногун ҳаст.”

Вакилони маҷлиси маҳаллӣ иддао кардаанд, ки дар инҷо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ҳам фурӯхтаанд, вале нахостанд, дар назди камера суҳбат кунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар инҷо ҳеч муҳиммоти ҷангие надиданд, гуруҳи дигар иддаои вакилонро рад карданд.

Дар "Бозори Буш" дар Афғонистон чӣ мефурӯшанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ҳоҷиқалот Паҳлавон гуфт: “Мо дар инҷо ашёи нодаркорро мехарем ва ба ҷойҳои дигар бурда мефурӯшем. Онҳоро аз пойгоҳи низомӣ меоранд. Ҳамааш ғайриқобили истифода аст ва ё муҳлати истифодаашон сипарӣ шудааст.”

Як замоне дар Қандаҳор 26 ҳазор сарбози Амрико ва аъзои дигари НАТО ҳузур доштанд. Ончиро ки боқӣ мондааст, ширкатҳои маҳаллӣ мегиранд, ки нахостанд, Радиои Озодӣ номашонро нашр кунад. Низомиёни Афғонистон мегӯянд, иддаоҳо дар бораи аслиҳафурӯшӣ асос надоранд.

"Бозори Буш" дар Афғонистон
"Бозори Буш" дар Афғонистон

Хоҷаяҳё Алавӣ, сухангӯи артиши миллии Афғонистон, гуфт, “ҳеч таҷҳизоти низомӣ дар бозор фурӯхта нашудааст, инҷо мо посбон дорем. Қаровули мо тафтиш мекунад. Ҳеч гуна таҷҳизоту муҳиммот аз қаровул гирифта нашудааст. Мутмаин бошед. Яхдонҳои куҳна, кондитсионерҳои куҳна, телевизорҳо ва ашёи гуногуни куҳнае, ки доштанд, ба тарҷумонҳо доданд. Тарҷумонҳо онҳоро барои истифодаи шахсии худ, ё барои фурӯш хариданд ва барои ин аз тарафи хориҷиҳо аснод доштанд.”

Азбаски Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури собиқи Амрико соли 2001 амри ҳамла ба Афғонистонро дод, инҷоро “Бозори Буш” меноманд. Акнун ки тамоми нерӯҳои амрикоӣ бояд то рӯзи 11-уми сентябр аз Афғонистон бираванд, хариду фурӯши ашё авҷ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG