Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт-Петербург собиқ раҳбари "Русия боз" боздошт шуд


Андрей Пивоваров
Андрей Пивоваров

Собиқ раҳбари ҷумбиши демократии “Русияи боз”, ки онро мунаққиди Кремлин Михаил Ходорковский таъсис дода буд, аз дохили ҳавопаймое дар шаҳри Санкт-Петербург берун бурда ва боздошт шуд. Ҳамкоронаш дар Твиттер навиштанд, ки Андрей Пивоваровро ба идораи Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург интиқол доданд. Пивоваров мутобиқ ба Қонуни созмонҳои “номатлуб” боздошт шудааст. Татяна Усманова, собиқ ҳамоҳангсози “Русияи боз” гуфт, ки Пивоваров дар “феҳристи эҳтимолии афроди мавриди ҷустуҷӯ буд ва ба ҳамин хотир боздошт шуд”. Ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳи Пулково қарор дошт, бояд ба Варшава парвоз мекард. Мақомоти Русия ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Созмони “Русияи боз” рӯзи 27-уми май гуфт, ки ба хотири аз пайгарди қонунӣ наҷот додани аъзои созмон фаъолияташро хотима медиҳад. Ҳама созмонҳои ҷамъиятии Русия, ки аз рӯи қонуни соли 2017 “номатлуб” дониста мешаванд, маъмулан бо пайгарди қонунӣ рӯбарӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG