Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Байден барои ниёзҳои Вазорати корҳои хориҷӣ $58,5 млрд дархост кардааст


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Амрико
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Амрико

Ҳукумати Ҷо Байден барои ниёзҳо ва хароҷоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар соли 2022 беш аз 58 миллиард доллар дархост кардаст.

Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", тибқи санаде, ки рӯзи ҷумъаи гузашта нашр шуд, ин маблағ назар ба буҷаи соли 2021-и ин вазорат 10 дарсад бештар аст. Ин маблағ барои Департаменти давлатӣ ва Оҷонси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дархост шудааст.

Тибқи ин санад барои ниёзмандиҳо ва хароҷот дар Аврупо ва АвруОсиё 665,8 миллион доллар дар назар гирифта шудааст. Ҳамин тавр, 88 миллион доллари ин маблағ барои "ҳимоят аз демократикунонии Гурҷистон, рушди иқтисодӣ ва муқовимат дар баробари нуфузи харобиовари Кремл", пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, 255 миллион доллар барои тақвияти Украина ва тавоноии ин кишвар "барои муқовимат дар баробари таҳоҷуми Русия" дар назар гирифта шудааст. Тибқи ин санад, барои муқобила бо "нуфуз ва дурӯғпарокании Русия" дар Балкани ғарбӣ, 106 миллион доллар дар назар пешбинӣ шудааст.

Маъмурияти Байден барои кишварҳои Осиёи Миёна 123 миллион доллар дар назар гирифтааст, ки дар сурати тасдиқи он, 31,4 миллион доллари он ба Узбекистон ва 19 миллиони он барои Тоҷикистон ихтисос меёбад.

Тоҷикистону Амрико додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон пайваста ба бахши тибб, омӯзишу парвариш ва марзбонӣ кумакҳои аксаран биловаз мерасонад.

XS
SM
MD
LG