Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омурбек Бабанов, сарвазири пешини Қирғизистонро дастгир кардаанд


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Маъмурони амниятии Қирғизистон рӯзи 31-уми май сарвазири собиқи ин кишвар Омурбек Бабановро дастгир карданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ӯ бо далели вуҷуди фасод ҳангоми иҷрои тарҳи "Кумтор" боздошт шудааст.

Ҷузъиёти парванда фош нашудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон танҳо зикр кардааст, ки тафтиши фасод дар татбиқи лоиҳаи коркарди кони «Кумтор» идома дорад.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи Жогорку Кенеш гуфта буд, ки чаҳор парвандаи ҷиноии марбут ба коркарди кони «Кумтор» таҳқиқ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз муттҳамон сарвазири собиқ Муҳаммадкалмий Абилғозиев мебошад, ки моҳи январи соли 2021 боздошт шуда буд.

Тошиев гуфт, "дар ин парванда бисёре аз мансабдорон, аъзои ҳукумат ва вакилон гумонбар дониста мешаванд." Пас аз он сарвазири собиқ Темир Сариев ба ҳайси шоҳид дар парвандаҳои «Кумтор» барои бозпурсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шуд.

Бунёдгузор ва раҳбари пешини ҳизби сиёсии "Республика" Омурбек Бабанов солҳои 2011-2012 сарвазири Қирғизистон буд.

Ӯ соли 2017 дар интихоботи президентӣ ширкат варзид ва мақоми дувумро касб кард. Пас аз интихобот истеъфо доду ба Маскав рафт ва моҳи августи соли 2019 ба Қирғизистон баргашт.

Пас аз омаданаш, Бабанов борҳо аз ҷониби полиси молия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ шудааст. Моҳи марти соли равон Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи қатъ шудани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Омурбек Бабанов хабар дод.

XS
SM
MD
LG